МУЛОҚОТИ ГУРӮҲИ КОРӢ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО АЪЗОИ ФАЪОЛИ ҲХДТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25– апрели соли 2024 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 – и ноҳия мулоқоти гуруҳи корӣ оид ба муҳтавои мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин баргузоргашта бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ва сокинони деҳаи Обшорон доир карда шуд. Гурӯҳи кории мазкурро аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шоимардонзода Хайрулло ҳамроҳи мекарданд.Дар мулоқот нотиқон иброз доштанд, ки мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин бо фарогирии маҷмӯи масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоии ҷомеаи кишвар, иқдоми навбатии шоистаи Сарвари хирадманди мамлакат маҳсуб мегардад.

Пешвои миллат дар оѓози суханронии пурмӯҳтавои хеш иброз доштанд, ки миллати тоҷик дар солҳои нахустини соҳибистиқлолии хеш дар сарҳади бархурди режимҳои исломиву дунявӣ, дар ҳавзаи муноқишаи манфиатҳои милии таърихиву замонавӣ, дар майдони муборизаҳои мазҳабию ақидавии бо сиёсат ва мустақилиятхоҳӣ махлутгардида қарор гирифт. Воқеан ҳам дар он солҳо шароити таърихӣ имкони эълони истиқлолро дар тангнои замона фароҳам оварда, ҳифзу ҳимояи онро бо сахтӣ, муборизаҳои хунин ва қурбониҳои зиёд рӯ ба рӯ сохт. Вазъият аз идора берун рафта, мақомоти марказии идораи давлатӣ фалаҷ гардид, қудрат ба дасти яроқдорон гузашт, таҷрибадорону пешвоён аз идораи давлат даст кашиданд. Миллати тоҷикро саргумӣ, давлати тоҷикро нестшавӣ, халқи Тоҷикистонро парокандагӣ таҳдид мекард.Дҳамин давраи ҳассос иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI Шӯрои олӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, масъалаи мавҷудияти минбаъдаи давлатдории тоҷиконро баррасӣ намуд.Дар мулоқот Пешвои миллат ин саҳифаҳои таърихи давлатдории навини моро барои он варақгардон намуданд, ки аҳли ҷомеаи Тоҷикистон бахусус ҷавонон бояд бидонанд, ки ҳаёти орому осоишта ва серу пури кунунии мо ба осонӣ ба даст наомадааст.   Пешвои миллат ҳамчунин бо баёд овардани вазъи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ҷомеаи имрӯзаи кишварро ҳушдор доданд, ки сӯиистифода аз масоили динӣ, зиёдаравию таҳаммулнопазирӣ, амалҳои ғайриинсониву ифротӣ, динро вобастаи амалҳои нопок сохтан оқибати фоҷеабор дорад. Яъне, ҳаводису омилҳои муноқишаҳои низомиву сиёсии ҳамон солҳо барои халқи шарафманди тоҷик сабақи зиндагӣ гардид.Дар мулоқот Пешвои миллат таъкид сохтанд, ки муҳим он аст, ки қадри тинҷию амонӣ, ваҳдати миллӣ ва оромии кишвар шинохта шавад.