РОҒУН-ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

Фархор: Андеша  

 

Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғўши шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод.
Эмомалӣ Раҳмон.

Имрӯз мавзўи бунёди Кохи нури Тоҷикистон бо шиори рӯз табдил ёфтааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр тавваҷҷӯҳи хоса дорад. Саҳифаҳои матбуоти даврӣ, намоишу гуфторҳои телевизион ва радио пайваста доир ба рафти корҳои ин сохтмони мўҳташам маводи ҷолиберо ба мардум пешкаш менамоянд. Нерӯи зеҳнии Ҳукумати кишвар мисли Шамси тобон мунаввар гашта, фазои бедории афкори оммаро равшан намуд. Халқ зарурияти Роғунро хело хуб дарк намуда, ҳамраъйии худро нисбати Ҳукумат бо ҳамовозии аниқ нишод дод. Иштироки фаъолонаи мардуми шарифи Тоҷикистон дар харидории саҳмияҳои Роғун далелу ҳисси ифтихори миллии ҳар сокини бо нангу номуси кишвар аст. Мардуми Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода, аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоиёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рўз дар майдони кори нерўгоҳ заҳмат кашида бо ғурури Рустамона ва ҳиммати Фарҳодона ҷиҳати дар фурсати кўтоҳ ба истифода додани Роғун тадбирҳои муассир меандешанд. Онҳо хуб медонанд, ки бунёди Роғун ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад.  Шиносоии бевосита Сарвари давлат ба рафтори корҳои сохтмон ва мулоқоти судманашон бо ҷаъми коргарон муҳим будани бунёди Роғунро бори дигар ёдрас мекунад. Расидан ба ҳадафи давлат шиори сабзи девони миллат аст: Халқи бузурги тоҷик ба қофияи нури маънӣ радифи нури барқро зам намуда, ғазали сабти рӯшноиро ба ҷаридаи олам эҳдо хоҳад кард. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад, зеро баъди аз ҳам пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди шуравӣ яке аз мушкилоти асосӣ барои кишвари мо норасоии нерӯи барқ гардид. Айни замон, баъди 30-соли соҳибистиқлолии кишвар масъалаи мазқур қариб, ки ҳалли худро ёфтааст. Бо дасгирию кӯмакҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ба истифода дода шудани НБО-и Сангтуда-1, Сангтудаи-2 ва даҳҳо неругоҳҳои хурди миёна, идомаи босураъти корҳо дар НБО Роғун ифодагари гуфтаҳои болост.

Сохтани ин иншооти азими гидроэнергетикӣ ҳанӯз солҳои 80-уми асри ХХ оғоз гардида буд. Аммо парокандашавии собик Иттиҳоди Шуравӯ ва ҷанги дохилии Тоҷикистон имкон надоданд, ки ин сохтмон пурра ба охир расад. Энергияи истеҳсолкардаи Нбо-и Роғун на танхо ҷумҳуриамонро аз бӯҳрони энергетикӣ мебарорад, инчунин, имкон медиҳад, ки як қисм нерӯи барқи истеҳсолшуда ба фурӯш бароварда шавад. Роғун ин мабаи нур аст, зеро он Тоҷикистонро ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод. Имрӯз Тоҷикистон ба хотири сохтмони нерӯгоҳи Роғун монанди ҷавони қавипайкар ва диловари кариб сисолелаест, ки ба мисли Фарходи кӯҳкан синаи кӯҳи Хороро мешикофад, пеши дарёи шуху саркаши Вахшро бандида, кишвари худ ва минтакаро чароғистон мегардонад. Дар муроҷиатноми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омадааст. "Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тозае хоҳад гирифт."

Мардуми тоҷик аз набудани барқи доимӣ ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ мешуданд. Холо бошад, ин душвориҳо паси сар гардида истодаанд. Бунёди Роғун ин нангу номус ва ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст. Гуфтан мумкин аст, ки нисбати солҳои пешин интиқоли қувваи барқ дар шаҳру ноҳияҳо беҳтар гардидааст. Баҳри чароғонии ҳар хонадон, коргоҳу муассисаҳо моро мебояд, бо амри дилу виҷдон дар ин кори хайр ҳисса гузорем. Зеро НБО-и Роғун натанҳо равшангари рӯзгор, балки ояндаи дурахшони сарзамини мо хохад буд. Ташаббусҳои созанда, иқдомҳои наҷиби ҳар фарди баору номус, ватандӯст бобати саҳмгузрӣ дар бунди нерӯгоҳ имрӯз ба натиҷаҳои дилхоҳ боис шуда истодааст. Хулоса, фардои дурахшони тоҷикистониёну Тоҷикистон аз бунёди НБО-и Роғун вобаста аст. Сохтмони нерӯгоҳи Роғун корнамоии навбатии аҳолии кишвар ва мактаби вахдату бародарӣ, меҳнатпарастию бунёдкорист. Мардуми мо дорои нерӯи бузургу иродаи тавоност ва ин нерӯгоҳро месозад. Роғун манбаи азими нур мегардаду Тоҷикистонро ба зинаи нави тараққиёт мерасонад.

 Тағайзода Рустам – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор