ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ОЯНДАИ БАШАРИЯТ

Фархор: Андеша  

            Ба касе пӯшида нест, ки захираи асосии обҳои тозаи ошомидании сайёра пиряхҳо мебошанд. Захираҳои оби Тоҷикистон низ, ки манбаи асосии обҳои ҳавзаи баҳри Арал мебошанд, аз пиряхҳо ғизо мегиранд. Пиряхҳои Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз манбаъҳои асосии оби тоза буда, қариб шаст фоизи ҳаҷми умумии оби дарёҳои онро таъмин менамоянд. Вале боиси таассуф ва нигаронист, ки тағйирёбии иқлим ба обшавии босуръати пиряхҳо мусоидат намуда, ба талафоти ҷиддии захираҳои об оварда мерасонад. Мувофиқи маълумоти созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳоло дар ҷаҳон зиёда аз 3 миллиард аҳолӣ аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашанд. Бо афзоиши тадриҷии аҳолӣ пешгӯӣ мешавад, ки то соли 2030 қариб 40 фоизи аҳолии ҷаҳон бо мушкилоти норасоии об дучор мегарданд. Вобаста ба тағйирёбии иқлим, аллакай дар 10 мамлакати африқоӣ аз сабаби норасоии об, беҳдошт ва бемориҳои вобаста ба он 190 миллион кӯдакро хатари нигаронкунанда таҳдид менамояд.
             Боиси сарфарозист, ки 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни Иҷлосияи 77-уми худ қатъномаро дар бораи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардида буданд, қабул кард. Ин панҷумин қадами устувори Тоҷикистон дар ҳалли масоили обу иқлим дар паҳнои олам маҳсуб ёфта, бо қабул гардидани он обрӯю эътибори Тоҷикистони маҳбубамон дар арсаи ҷаҳонӣ хеле боло рафт. Воқеан, қабули чунин қатънома дар миқёси байналмилалӣ иқдоми хеле муҳим ва дар навбати худ таърихӣ мебошад. Зеро дар заминаи он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо менамояд, ки барои ҳифзи бузургтарин неъмати сайёра – оби ошомиданӣ ба таври муштарак тадбирҳои зарурӣ ва судманд андешад. Дар асоси ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис дода мешавад, ки барои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин, соли 2025 дар пойтахти кишвари азизамон- шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланди СММ баргузор мегардад.
             Истиқболи гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масоили обу иқлим қабул гардидани 9 қатънома вобаста ба он далели сиёсати муваффақонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамовозии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои Пешвои миллати мо мебошад. Ҳарчанд кишвари мо дорои захираҳои фаровони об ва пиряхҳои азим бошаду сокинони он аз оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ накашанд ҳам, Пешвои миллатро вазъи нобасомони экологии ҷаҳон ба ташвиш овардаву водор намудааст, ки чунин ташаббусҳои созандаву наҷибро рӯйи кор оваранд. Президенти кишвар ин нигаронии худро дар мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ чунин иброз доштанд: «Вазъи захираҳои об дар сайёра, махсусан, оби тоза зери таъсири амиқи таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла, тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, тамоюли шаҳрнишинӣ ва саноатикунонӣ сол то сол муташанниҷ гардида истодааст». Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи аҳли башарро ба масъалаҳои обу иқлим, идораи дурусти истифодабарии об, обшавии босуръати пиряххо ва офатҳои табиии ба он алоқаманд, ҳамкории минтақавӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти об, умуман, масъалаҳои вобаста ба обро таъкид намудаанд, ки ин бесабаб нест. Зеро захираҳои об дар рушди иқтисоди кишварҳо нақши калидӣ дошта, барои пешрафти саноат, гидроэнергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо мусоидат менамоянд.