ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ТАЪДИД БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Фархор: Вокуниш  

 

Таҷрибаи ҳуқуқи байналмиллалӣ таърифи воҳиде аз истилоҳи ифротгароӣ ва терроризм ба назар намерасад. Ифротгароӣ ё худ экстремизм маънои истифода аз василаву абзорҳои номуносибу мамнӯъ барои ба даст овардани аҳдофи сиёсӣ, миллӣ, мазҳабӣ ва ғайраро дорад. Терроризм ё худ ваҳшатафканӣ ифротгароест, ки ба марзи ниҳоии худ расидааст. Ҳар ду низ боиси аз байн рафтани суботу оромиш ва ҳусни тафоҳум миёни гурӯҳҳои мухталифи қавмӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмиллалӣ мебошад.Бидуни шак, имрӯз ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдидоти суботу амнияти ҷаҳонист. Ин падида, инчунин бо қавм, фарҳанг ва дини мушаххасе рабте надорад. Аммо бархе аз марокизи қудрати ҷаҳонӣ дар талоши пӯшонидани либоси «исломӣ» ба тани ифротгароӣ ва терроризм мебошанд. Ҷойи таассуф аст, ки иддае аз расонаҳо низ ба таври айнӣ назари расонаҳои байналмиллалиро, ки тобеи марказҳои мушаххас мебошанд, такрор карда, ин гурӯҳҳоро «исломӣ» мехонанд. Дар асл ин созмону ҷараёнҳо ҳамин ҳадафро доранд, ки онҳоро «исломӣ» шиносанд, то барои ҷаҳониён тасаввури ба истилоҳ «баробарӣ ва ғайримуосир» будани ин дин собит шавад. Бинобарин дар ин масъала бояд бо ҳушёрӣ пеш равем, то худро гирифтори бозиҳои қудратҳо накунем. Пас, бояд меъёри аслии шинохти мо аз ҳар гуна хатару таҳдид манфиатҳои асили миллӣ, динӣ ва фарҳангамон бошад. Дар заминаи шинохти манофеи миллиамон бо таваҷҷӯҳ ба шароити феълии байналмиллалӣ бояд корҳо дар сатҳи сохторҳои давлатӣ, донишгоҳҳо, расонаҳо ва ба сурати барномавӣ пайгирӣ шаванд. Яке аз вазифаҳои муҳими марбут ба расонаҳо фароҳам кардани муҳити дарку шинохти саҳеҳ аз манфиатҳои миллӣ тавассути худи рӯзноманигорон мебошад. Вақте дар Тоҷикистон иттифоқ афтад, бархе аз мо ба ҷойи муроҷиат кардан ба ниҳодҳо ва коршиносони худӣ ба таҳлилгарони кишварҳое рӯй меоваранд, ки масъаларо бо таваҷҷӯҳ ба манфиатҳои миллии худашон тафсир мекунанд. Маълум аст, ки танҳо бо фишор ва қувваи давлат, ки чораҳои махсусро пешбинӣ менамояд, мубориза намудан нисбат ба зуҳуроти фаъолияти гурўҳҳои ифротӣ дар байни ҷавонон кифоя нест. Ин вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Барои ҳалли ин масъала равона кардани неру ва фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ бо мақомоти ғайридавлатию худфаъолияти ҷамъиятӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандустӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омўзиши илму ҳунарҳои муосир, меҳнатдўстӣ ва риояи волоияти қонунро тарғибу таблиғ намудан лозим аст.Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолиятӣ бо дин рўйпўшкардашудае аст, ки бо зўран  ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини ислом инро намехоҳад.Имрўз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки ислом сўйи истифода намуда даст бар қатли бузургону тифлони ноболи ғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.

Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гўё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.Бинобар ин, ягона роҳбарои хунсо намудани зуҳури ҳар гуна гурўҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ ва ҳамчунин донишҳои динӣ дар чаҳорчӯбаи мазҳаби суннатии мо-ҳанафия мебошад. Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.

 

Тағайзода Рустам узви ҲХДТ