МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР БАРГУЗОР ГАРДИД

Фархор:  

 Тибқи ҷадвали тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон маҷлиси Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроия, муовинони раиси ноҳия, инчунин  роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, муовинони раисони ҷамоатҳо, аҳли иму маориф, табибону ҷавонони фаъоли узви ТҶҶ “Созандагони Ватан” низ иштирок доштанд.  

          Дар маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор  масъалаҳои “Натиҷагири фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар дар семоҳаи аввали соли 2024”;

Натиҷагирӣ аз ҷараёни амалисозии Нақша чорабиниҳо оид ба 30 – солагии таъсисёбии ҲХДТ;

“Баррасӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизби оид ба қабул (хориҷ ва боздошт)- и аъзои ҳизб” ва масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.  Дар ҳисобот тазаккур дода шуд, ки дар доираи амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо кормандони соҳаи маориф ва вакилону фаъолони ҲХДТ дар 66 муассисаҳои таълимии  ноҳия  54 маротиба “соати сиёсӣ” ва дар 20 муассисаи дигар амалиёти “Мактаби ман” баргузор намуданд. Дар доираи аксияи  ҳизбии  “Якҷоя месозем” дар семоҳаи аввали соли 2024 бо ҷалби фаъолони ҲХДТ  зиёда аз 15 км роҳҳои байни маҳаллаҳо сангфарш карда шуда, ҳудуди 5 км заҳбуру заҳкашҳо тоза ва  2,5 км роҳи автомобилгард мумфарш карда шуд.  Дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ 50 адад сутунпояҳои баландсифати оҳанин ва лампаҳои калонҳаҷми каммасраф дар роҳҳо насб ва чароғон шуданд. Бо саҳми ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди шаҳраки Фархор дар масофаи зиёда аз 50 метр роҳравҳо сафолакпуш карда шудаанд. Ҷиҳати тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семоҳаи аввали соли 2024 аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҳизб дар доираи фаъолияти худ беш аз 1118 маводҳои гуногуни чопию видеоӣ таҳия, чоп ва паҳн гардидааст. Аз ҷумла, 23-адад лавҳаҳои сарироҳӣ, 12 ҳазор варақаҳои таъкидӣ ва брошураҳо  ва 236 андешаҳо дар шабакањои иљтимої пањн гардидаанд. Аз ҳисоби кумита ба оилаҳои маъюбу камбизоат дар як сол 8 ҳазору 900 сомонӣ маблағи кумапулӣ дода шуд.Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ин самт 61 аксияҳои тарғиботӣ, 8 адад чорабиниҳои варзишӣ, 9 адад чорабиниҳои фарҳангӣ, 12 адад  озмунҳои фанни дар ҳамдастӣ бо бахшҳои дахлдор гузаронида шуд.  Дар 8-дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар давраи ҳисоботӣ бо ҷалби ташкилотҳои ибтидоӣ маводҳои гизои расонида шуда, барномаҳои фарҳанги ва бодиди ҷавонон аз як рӯзи ҳаёти сарбозон ташкил карда шуд.