КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

Фархор:  

 

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб ҷиҳати баргузории корҳои тарғиботӣ оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва баргузории суҳбату мулоқотҳо дар самти тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон, пешгири аз бегонапарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона, роияи Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии аз таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрам кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор санаи 16 марти соли ҷорӣ дар Ҷамоати шаҳраки Фархор  бо усули «хона ба хона» гардиш намуданд.Масъулин ҳангоми сӯҳбат иброз доштанд, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хочагиҳои деҳқонӣ аз маданияти баланди меҳнатдӯстии сокинони ноҳия дарак медиҳад, ки ҳамаи заҳмату талшояшон баҳри дар амал тадбиқ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар расидан ба амнияти озиқаворӣ мебошад. Аз ин лиҳоз моро мебояд, ки аз заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентии худ самаронок истифода бурда, дар таъмини амнияти озиқавории мамлакат ва оилаи худ саҳмгузор бошем. Ҳамчунин, дар масъалаи ҳарбӣ ватандустии ҷавонон иброз доштанд, ки Ватан қиматтарин тӯҳфаи тақдир барои ҳар инсон аст, зеро кас танҳо дар Ватани азизи хеш ба ҳама орзуву омоли наҷиби худ мерасад. Ҳамаи мо бояд шукургузор бошем, ки чунин Ватани ободу зебо, осудаву рӯ ба рушд дорем ва тамоми шароитҳо баҳри расидан ба қуллаҳои мурод барои ҷавонон муҳайёст.