МУЛОҚОТ БО АЪЗОИ ФАЪОЛИ ТҶҶ “СОЗАНДОГОНИ ВАТАН”

Фархор: Созандагони ватан  

 

Дар доираи нақша ҷорабиниҳои роҳбари бахши ТҶҶ “Созандагони Ватан”- и ноҳия ҷиҳати баргузории сӯҳбату молоқотҳо масъулин дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо хонандагони сифҳои болои, ки қисми зиёди онҳо аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” мебошанд мулоқот барзуор карда шуд.Мавзӯи матраҳнамудаи нотиқ оид ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳтвандон” буд, ки бо иқтибосҳо аз қонуни мазкур бобҳои он дар назди хонандагон шарҳ дода шуданд. Ҳамзамон зикр гардид, ки аввалан қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.Тарбияи ватандӯстии насли наврас ва ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта ва зери  таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Имрузҳо барои мо ҷавонон мояи ифтихори бузург аст, ки  давлату ҳукумат, бахсус Пешвои муаззами миллат ба ин қишри ояндасоз ва бунёдкор таваҷҷуҳи беандоза зоҳир менамоянд ва пайваста баҳри рушду инкишофи ин қишри бунёдкор тамоми имкониятҳои ҷойдоштаро фароҳам оварда истодааст, ҳамзамон фаромуш насозем, ки мо дар баробари ҷавон буданамон ҳамзамон шаҳрвандони комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон азиз маҳсуб меёбем ва моро зарур аст, ки ҷиҳати таҳкими тарбияи ватандустии наврасону ҷавонон бо масъулияят бошем ва аз ҳамаи имкониятҳои барои мо ҷавонон мавҷудбуда истифода барем ва барои пешрави ин давлати азизу маҳбуб, ки номаш Тоҷикистон аст, саҳми арзандаи худро гузорем ва аз ҳамин давлати озоду соҳибистиқлол, орому - осоишта,  ки дар он Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёси ҳукмфармост шукрона кунем.