МУЛОҚОТҲОИ СУДМАН ТАРИҚИ ХОНА БА ХОНА

Фархор:  

 

Санаи 16 апрели соли 2024 инҷониб масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо аъзоёни гурӯҳи таблиғотӣ оид ба  шарҳу тавзеҳи мулоқоти Асосзгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо намояндагони ҷамеа ва ходимони дин доир гардида, дар  кӯчаву маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Фархор бо усуси хона ба хона корҳои фаҳмонидадиҳиро ба роҳ монданд. Дар ин рӯз ҳайати гурӯҳ бо зиёда аз 35 нафар сардорони оилаҳо дар доира мавзуҳои пешгири аз бегонапарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона, роияи Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии аз таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суҳбат намуданд. Ҳамзамон ба онҳо варақаҳои таъкидӣ ва таблиғотӣ тақсим намуданд.