ОМӮЗИШИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ДАР МТМУ №24

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Рӯзи 29 апрели соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи Фархор барои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда бо мақсади баланд бардоштани масъулияти хонандагон дар самти ҳифзи шаҳрвандӣ бо иштироки хонандагон, омӯзгорон чорабинии омодашоӣ дар ҳолатҳои фавқулода гузаронида шуд.Машқҳо аз тарафи гурӯҳи наҷот аз ҳисоби хонандагони синфҳои 10 ва 11 ба хонандагон тарзи дурусти наҷот додан ва ба ҷойи бехавф бурдани шахси офатзада, расонидани ёрии аввалини тиббӣ, тарзи дурусти сӯхторхомӯшкунӣ хеле муфиду хотирмон гузаронида шуд. Намоиш бо тариқи озмун гузаронида шуда, ғолибон ва ташкилотҳои иштирокдошта бо «Сипоснома» ва «Ифтихорнома» ва туҳфаҳо ҳавасманд гардонида шуданд. Инчунин, ҳамаи хонандагон аз тарзи дурусти истифода бурдани лавозимоти дар гӯшаи сӯхторхомӯшкунӣ буда, ошно гардида, дар чорабиниҳои варзишӣ низ фаъолона иштирок намуданд.  Мақсад аз гузаронидани чорабинӣ баланд бардоштани дониш ва омодагии талабагон оид ба мудофиаи гражданӣ буд.