КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ ДАР МАҲАЛ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо иштироки масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор корҳои фаҳмондадиҳии нуқтаҳои асосии суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин бо усули “хона ба хона” дар ҳудуди маҳалаҳои  Ҷамоати шаҳраки Фархор гардишҳо доир гашта истодаанд. Гурӯҳи корӣ зимни суҳбатҳо оид ба масъалаҳои самаранок ситифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, тарбияи ҳарбӣ ватандустии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз исрофкорию пайвастшавӣ ба равияҳои номатлуб, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, пешгирӣ аз таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро баррасӣ менамоянд. Ҳамзамон дар гурӯҳ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Мирзоев Толиб шомил аст, ки бо сардорони оидаҳо оид ба масъалаҳои болозикр брошура ва маводҳои таблиғотӣ тақсим мекунад.