ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТИИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯ ДАР ДЕҲОТ

Фархор:  

 Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон ва ходимони дин гурӯҳи кории шуъбаи маорифи ноҳия суҳбату молоқотҳоро дар деҳаи Куҳандиёр бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб идома доданд.

            Дар мулоқот Шоимардонзода Хайрулло дар назди ҳозирин баромад намуда қайд карданд, ки  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро дар мадди назар дошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо орем. Мавриди тазаккур аст, ки ҳамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад. Дар мулоқот ҳамчунин чанд тан аз зиёиён ва олимону ходимони дин нисбат ба ҳадафҳои арзишманди Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, иҷрои ҳатмии қонуну муқаррароти ҳуқуқӣ, инчунин дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа андешаронӣ намуда, ҳамзамон ба нигарониҳо ва талаботи хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳамовозию пуштибонӣ карданд.