КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ФАЪОЛОНУ НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Идомаи мулоқотҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо сокинон ва аъзои фаъоли ҲХДТ дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин роҳандози шуда истодааст.

         Санаи 28 марти соли ҷорӣ гурӯҳи кории шуъбаи маорифи ноҳияи фархор таҳти роҳбарии Мирализода Лутфулло дар толори маҷлисгоҳи Қасри фарҳанги деҳаи Ориён мулоқот баргузор намуданд, ки дар он аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ориён” ва “Шафтолубоғ” иштирок доштанд. Зимни суханрони раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” Мирализода Лутфулло оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тазими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” иброз доштанд, ки Тоҷикистон, пас аз фурӯ нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, давлат ба масъалаи аз байн бурдани  тақлидкориҳои ҷоҳилона, таассубу хурофот, каҷрафторию исрофкориҳо, ифротгароӣ ва ҳар гуна рафтору падидаҳои номатлуб, бо асли таълимоти ақлонӣ, таҳаммулмеҳвар ва дорои мазмуни амиқи инсондӯстонаи мазҳаби ҳанафӣ бегона, инчунин  танзими ҳуқуқии раванди эҳё ва таҷдиди шуури динии тоҷикон ҳарчӣ бештар таваҷҷуҳ намуд. Ба ин мақсад   санадҳои махсуси меъёрию ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва ғ.) қабул ва дар амал ҷорӣ карда шудаанд, мунтазам  тадбирҳои зарурии илмию фарҳангӣ андешида ва амалӣ карда мешаванд. Чӣ тавре ки Пешвои миллат таъкид карданд, боиси ифтихори мост, ки бунёдгузори мазњаби њанафї, ин мазҳаби бузургтарин ва бонуфузтарини исломӣ, ки аксарияти мутлақи халқу миллатҳои мусулмони ҷаҳон пайрави он мебошанд, аз лиҳози мансубияти нажодӣ – ориёӣ, эронитабор аст. Балх- ватани аҷдодии Имоми Аъзам ҷузъе аз сарзамини паҳновар ва тамаддунхези Ориёнвиҷ- ҳудуди таърихӣ-ҷуғрофиёии густариши тамаддуни зардуштӣ ва сукунати халқҳои ориёӣ маҳсуб мешуд, ки Осиёи Марказӣ, Эрон ва як қатор минтақаҳои дигари бо онҳо ҳамҷаворро дар бар мегирифт. Дар чунин як сарзамини бузург ҳанӯз чоруним ҳазор сол пеш аз зуҳури Ислом дини тавҳидии зардуштӣ густариш ёфта буд, ки ба пайравонаш дар зиндагии фардию иҷтимоӣ ҳамеша ва қотеъона риоя кардани принсипи сегонаи ахлоқӣ- пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори некро талқин ва ташвиқ кардааст..