ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ФАОЛОНУ НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИН МИЁНИ СОКИНОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Идомаи мулоқотҳои гуруҳи корӣ дар доираи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар Ҷамоати деҳоти Хуросонӣ ноҳия бо сокинон ва аъзои фаъоли ҲХДТ дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин баргузор карда шуд. Зимни суханрони Шоимардонзода Хайрулло Имом оид ба пегирии таълимоти ғайриқонунии дини суҳбат намуда қайд карданд, ки Таҳилҳо собит менамоянд,ки ки бархе аз намояндагони руҳониён дар мавъизаю суханрониҳояшон аз таассуби динӣ ва ноогоҳӣ арзишҳо, урфу одати миллиро зери суол бурда, гузаштаи дурахшону пурифтихори халқи моро, ки таърихи чандҳазорсола дорад, инкор мекунанд. Бояд қайд кард, ки андешаҳои инсонбадбинона байни тарғиботчиёни мусулмон боис мегардад, ки ба обрӯи дини мубини Ислом рахнаи сахт занад. Тундгароии сахт шахси мағзи сараш шусташударо водор мекунад, ки дар симои мусулмонон на бародарони динӣ, балки душмани худро бинад. Агар салафӣ бошад, пайрави дигар мазҳабро, агар шиа бошад, суннимазҳабро бад мебинад ва омода мешавад, ки даст ба силоҳ барад ва ё ҳатто худро тарконад ва бо ҳамин гумон мекунад, ки шаҳид мегардад. Ин гурӯҳ бо пиндорҳои пӯч то ҷое дар ин кор пешрафт карда буданд, ки асосан хурофаро расмият мебахшиданд, кӯшиш менамуданд, инсонҳо дар нодонию ноогоҳӣ умр ба сар баранд. Барои онҳо ҳамеша дорои аҳамият буд, то мардумон дар нодонӣ ва роҳгумзадагӣ боқӣ бимонанд. Табиӣ аст, ки дар чунин маврид онҳо худ дар гирдоби хурофот ғуттаваранд. Ин тоифа гуруҳҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ дурӯғ мегӯянд, тақаллуб мекунанд ва бадтарин ҷиноятҳоро анҷом медиҳанд.Вале ҳеҷ гоҳ ин амалкардаҳои ваҳшонияти худро навъе аз ҷиноят намедонанд ва гӯё чунин вонамуд месозанд, ки ин ҳамаро ба хотири ризояти офаридгор анҷом медиҳанд. Маҳз ҳамин табақа бо сӯиистифода аз эҳсоси динии ҷавонони ноогоҳ, дар ҷараёни таълимоти худ, онҳоро нисбат ба гузаштагони худ, дар руҳияи бадбинӣ ба арзишҳо, суннатҳо ва урфу адати миллии мо тарбият карда, ин арзишҳоро барои як мусалмон нолозим ва ғайри қобили қабул муаррифӣ мекунанд.