ИДОМАИ МУЛОҚОТИ НАМОЯНДАГОНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ЩИЗБИИ “МАОРИФЧИЁН” БО СОКИНОНИ МАҲАЛ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар доираи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мулоқотҳо бо сокинон ва аъзои фаъоли ҲХДТ дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин роҳандоши шуда истодааст.Мулоқоти навбатӣ дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ҷамоати шаҳраки Фархор бо иштироки масъулини шуъбаи маорифи ноҳия бо сокинони маҳаллаи №6 – и шаҳраки Фархор баргузор гардид. Зимни суханрони раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” Мирализода Лутфулло дар масъалаи маросими Ҳаҷ, чунин қайд карда шуд, ки зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ, аз ҷумла садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад. Бо ёдоварӣ аз фармудаҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ бори дигар таъкид гардид, ки исрофкоронро Худои таъоло дӯст намедорад. Дар рафти мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба сафарҳои бисёркаратаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки танҳо як дафъа анҷом додани ҳаҷ бар муъминон фарз аст ва Паёмбари ислом (с) худашон ҳам танҳо як бор ҳаҷ намудаанд. Аз ин хотир, пешниҳод карда шуд, ки шахсоне, ки маротибаи дуюм ва сеюм ба ҳаҷ рафтан мехоҳанд, метавонанд аз рӯи аҳкому фармудаҳои шариат амал карда, маблағи хароҷоти онро барои зиндагии шоистаи хонаводаи худ, таҳсили фарзандону наберагон, ободии диёр, бунёди корхонаву мактабҳо, роҳу пулҳо, инчунин барои кумаку дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва оилаҳои камбизоат сарф намуда, аҷру савоби беандоза ба даст оранд.