МУЛОҚОТИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМШУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲОШИЯИ МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ФАОЛОНУ НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Субҳи рӯзи 28 марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор мулоқоти вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳафзаи интихоботии Фархор №63 Раҳмонзода Зоир Файзалӣ бо сокинони Ҷамоати шаҳрки Фархори ноҳия оид ба маҳияти суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин мулоқот баргузор карда шуд.Дар суханрониашон вакили муҳтарам иброз доштанд, ки дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи мамлакат риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.

Тавре таъкид гардид, мутаассифона, ҳодисаҳои вайрон намудани қонун дар бобати гузаронидани маъракаҳо ба чашм мерасанд. Ҳоло ҳам баъзе одамон дар баргузор кардани маъракаҳо ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. Изҳор гардид, ки зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ, аз ҷумла садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад. Бо ёдоварӣ аз фармудаҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ бори дигар таъкид гардид, ки исрофкоронро Худои таъоло дӯст намедорад. Дар рафти мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба сафарҳои бисёркаратаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки танҳо як дафъа анҷом додани ҳаҷ бар муъминон фарз аст ва Паёмбари ислом (с) худашон ҳам танҳо як бор ҳаҷ намудаанд. Аз ин хотир, пешниҳод карда шуд, ки шахсоне, ки маротибаи дуюм ва сеюм ба ҳаҷ рафтан мехоҳанд, метавонанд аз рӯи аҳкому фармудаҳои шариат амал карда, маблағи хароҷоти онро барои зиндагии шоистаи хонаводаи худ, таҳсили фарзандону наберагон, ободии диёр, бунёди корхонаву мактабҳо, роҳу пулҳо, инчунин барои кумаку дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва оилаҳои камбизоат сарф намуда, аҷру савоби беандоза ба даст оранд.

Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ дастур доданд, ки барои иҷрои супоришҳои дар мулоқот зикргардида баҳри таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳамагуна ҷинояткорию қонуншиканиҳо ва исрофкорию зиёдаравиҳо дар байни аҳолӣ корҳои огоҳсозӣ баранд ва тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ амалӣ намоянд.

Дар идома Раҳмонзода Зоир Файзали иброз доштанд, ки Пешвои миллат махсусан ба таассуб ва хурофоте, ки дар иҷрои маросими Ҳаҷ дар солҳои охир ба вуҷуд омадаанд, ишора карда, ба ходимони дин, олимону мутахассисони АМИТ, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ, вазорату кумитаҳои дахлдор супориш доданд, ки ҷиҳати бартараф кардани ин гуна таассубу хурофоти «навбаромад»-и динӣ тадбирҳои илмию амалӣ андешанд.

         Пешвои миллат хотирнишон карданд, ки «хурофот ҷаҳолат аст ва  ҷаҳолат омили бадбахтии миллат аст!». Дар воқеъ мо худ шоҳиди онем, ки чӣ гуна хурофоту таассуб, ҷаҳолату ифротгароӣ ба сари мардуми тоҷик бадбахтии азим оварда, ҷомеаро ба ҷанги бародаркушӣ таҳрик дода буд.Ва ҳамин сабақи таърихиро Пешвои миллат дар назар дошта, моро огоҳ мекунанд, ки нисбат ба таассубу хурофот саҳлангору бепарво набошем, барои пешгирӣ ва аз байн бурдани онҳо якдилона, дастаҷамъона мубориза барем.Як нуктаи ташвишовар ин аст, ки агар чунин таассубу хурофоти «навбаромад» сари вақт пешгирӣ нашаванд, дар он сурат онҳо худ бо мурури замон ба одат ва анъана табдил ёфта, ба таъбири Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ, ҷаҳли моро  боз ҳам мураккабтар хоҳанд кард.

         Пешвои миллат аз ходимони дин хоҳиш карданд, ки ба мардум роҷеъ ба муқаррароти маросими Ҳаҷ, шартҳои он, фарқияти Ҳаҷи фарзӣ аз «умра» маълумоти дурустро дар асоси таълимоти Қуръону аҳодиси набавӣ ва фиқҳи ҳанафӣ баён карда, бо ин роҳ барои пешгирии зуҳуроти ифротгароӣ, таассубу хурофот ва тақлидкорӣ аз ҷониби шаҳрвандон дар иҷрои маросими Ҳаҷ кӯшиш кунанд.