НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ

Фархор: Вокуниш  

Асосгзори сулху вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонтаъкид карда буданд, ки «Терроризм ва экстремизмаз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониба дигар аъҳмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷавонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».Терроризм ва экстремизм яке аз муаммохои асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи , иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шахрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз муаммои асосии мо мебошад.Айни замон гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистй барои анҷом доданиғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд ва мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисоди аст. Махсусан барои гирифтани нуқтаҳоинафту газ ва дигар сарватҳои , ки арзиши баланд доранд ҳаракат мекунанд. Пеш аз гирифтани боигариҳои ҳар як сарзамин, аввалминтақаро харобу поймол гардонида, ба ҷангҳои бераҳмона ва поймолкунии ҳуқуҳои инсонӣ оварда мерасонад. Исломшиносон дар чорабиниҳои динӣ бисёр таъкид мекунад, ки рафторҳои ин ҳайати ифратгороӣ ва дигар гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, бо дини исломи ҳақиқӣ ягон алоқамандие надорад. Дар натиҷаи амалиётҳоихуд онҳо хуни ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳро мерезанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани амалҳои ваҳшиёнаи худ ба дин такя мекунанд, ки ин ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надорад.Ҳамеша мо ҷавонон ба суханони Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомали Рахмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмромаҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи Ватани биҳиштамон ҳамеша таёрем ва сиёсати хиратмандонаю оқилонаи Пешвои миллатро ҳамеша дастгири мекунем.