Пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб - вазифаи аҳли ҷомеа

Фархор: Вокуниш  

Дар шароити имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ ба ҳисоб меравад.Дар ҳақиқат, терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштор, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ ва амсоли он дониста мешаванд. Ифротгароӣ бошад, ба хотири гумроҳ сохтани инсонҳо зуҳур карда, онҳоро побанди ақидаҳои диниву мазҳабӣ ва террористӣ месозанд. Ин амалҳои номатлуби ҳизбу ҳаракатҳои тундрави созмонҳои террористӣ ба ҳаëти имрӯзаи сокинони ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар дошта, барои гумроҳ ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ таъсири амиқи худро расонида истодаанд. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем, ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати нохуш ва нанговар доранд. Ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгаро, ки сарчашмаашон ДОИШ мебошад, ба Ислом ҳеҷ қаробате надоранд. Онҳо танҳо аз дини Ислом истифода намуда, амалҳои террористии худро дар ҷомеаи мо амалӣ месозанд. Таҳлилҳои ҳаррӯзаи кишварҳои қурбони ҳамлаҳои террористӣ гардида нишон медиҳад, ки террорист худ дастгоҳест, ки кишварҳои манфиатхоҳ ба хотири ноамнии вазъияти кишварҳои сулҳу суботи комилдошта истифода мебаранд. Бояд қайд намуд, ки кишварҳои Сурия, Яман, Ироқ ва ҳоло Афғонистон аз ҳамлаҳои террористии гурӯҳи тундрави ДОИШ ба хоку хун оғӯшта гардидаанд. Ба ҳамин хотир, мафҳуми "террор" имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун вабои аср дониста шудааст. Террорист ватан, миллат, дин, нажод надорад. Мо ‐ омӯзгорон ва насли калонсолро зарур аст, ки ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия н амоем, ки аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ худдорӣ намуда, ба Ватану миллати хеш содиқона хизмат намоянд. Имрӯзҳо ТТЭ ҲНИ мехоҳад, дар фазои сулҳу осоиштагии кишвари мо ‐ Тоҷикистон амалҳои иғвогарона анҷом диҳад. Ва барои ноустувор сохтани вазъияти кишвари мо ҳама гуна нақшаву ниятҳои ифлоси худро ба кор мебаранд. Чунончӣ, ТТЭ ҲНИ шурӯъ аз солҳои 90‐ум ҷанги бародаркушро дар Тоҷикистон барангехтанд, вале, хушбахтона, ба мақсади худ нарасиданд. Заминаҳои аслии шомилшавии ҷавонон ба гурўҳу равияҳои иртиҷоӣ нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ аст, ки зуд ба доми тазвири онҳо меафтанд. Аз ин рў, барои пурзўр намудани мубориза бо терроризму экстремизм ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият зарур аст. Барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро ба масъалаи тарбия дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳро бештар намудан зарур аст. 

 

Мирмадиева Арафа  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия