ХОИНОН АЗ АБЛАҲИ ДАСТ НАМЕКАШАНД

Фархор: Вокуниш  

 

Сарвари давлат борҳо тазаккур доданд, ки мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷавонон, ки насли ояндасози кишвар мебошанд, ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки баъзе хоинони миллату давлати тоҷикон ва хоҷагони хориҷии онҳо ҳанӯз аз ниятҳои душманонаашон даст накашидаанд. «Терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва хурофотпарастӣ хатарҳои асосӣ барои имрӯзу ояндаи минтақа, аз ҷумла Тоҷикистони мо мебошанд», Тавре Президенти мамлакат борҳо таъкид доштанд, хурофот ҷаҳолат аст. Ҷаҳолат, ки нишонаи сатҳи пасти саводу маърифат мебошад, ҳамеша бадбахтӣ меорад ва дар роҳи пешрафту тараққиёти давлат, беҳтар шудани шароит ва сатҳи зиндагии мардум монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад. Бинобар ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват менамоянд, ки бояд доим ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, дар ғафлат намонем ва барои ҳимояи муқаддастарину бузургтарин неъмати ҳастию зиндагиамон, яъне истиқлолу озодии кишварамон омода бошем. Ин суханони Пешвои миллат асос доранд, зеро хоинони миллати тоҷик ки айни замонмо дар шабакаҳои иҷтомои бо барномаву видеороликҳои дуруғини худ баромад намуда истодаанд, моро бори дигар ҳудор месозад, ки ин бадхоҳони миллат то ҳануз бо хаҷагони хориҷии худ, баҳри барҳам задани зиндагии осудаи мо талош намуда истодаанд. Ин шахсиятҳо мехоханд, ки бо суханҳои дурӯғи худ миллати точикро дар назди башар шарманда намояд ва худашро бошад сафед. Ин душманони дини мубини Ислом аз эътикоду динии мардум истифода бурда тавассути сокинон мехоҳан вазъӣ сиёсии кишварро ноором сохта ба ниятҳои нопоки худ расанд. Аммо мегӯянд давидани гӯсола то каҳдон. Амалҳои онҳо аз аввал бе натиҷа буд, ҳаст, мемонад.Вобаста ба ин, айни замон ки аз ташкили ин гурӯҳҳои иғвоангез ва террористӣ дар хориҷи кишвар, ки қариб даҳ сол сипарӣ мегардад бояд хулоса кард, ки фаъолияти гурӯҳи мазкур чи гуна, натиҷаҳо оварданд. Гуфтан мумкин аст, ки давоми ин солҳо аъзоёни гурӯҳи мазкур дар хориҷи кишвар қарор гирифта, танҳо нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо суханҳои иғвоангез ва туҳмату дурӯғҳои худ паст заданӣ шуданду халос. Дигар ягон манфиат барои Тоҷикистон наовардаанд. Лоақал як пешниҳод барои боз ҳам пешравии Тоҷикистон накардаанд. Фаъолияти инҳо аз ин иборат аст, ки бо кушодани барномаҳои гуногун ва пахши мустақими ин барномаҳо дар сари компютерҳои худ нишаста, дар ҳузури истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ номи Тоҷикистонро паст занан ва онро то метавонанд сиёҳ кунанд. Яке аз ин аблаҳон ин Муҳамалдиқболи Садриддин аст, ки ҳатто намозанро намехонад ва боз аз номи Ислом ва этиқоди диннии мардими кишвар сухан мекунад. Хушбахтона ба бахти миллати мо Тоҷикистон баъди ҳазор сол давлати соҳибихтиёр гардид ва бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, ягонаю дунявиро интихоб кард ва бо Сарвари хирадпешаю ҷонфидояш ба дастовардҳои бузурги илмию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардид. Вале имрузҳо душманони дохилию хориҷии миллат ин пешравиҳоро дидан намехоҳанд ва ё курдиланд, ки дидан наметавонанд ва аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ин халқи куҳанбунёдро бадном созанд.Ин хоинони миллат ба мақсад намерасанд зеро, ки имрӯзҳо ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон имрӯз Точикистони мо тинҷу ором ва рӯз ба рӯз ободу зебо гашта истодааст. Барои ин мо ҷавонон бояд кушиш кунем то, ки ба хонаи мо даромада осоиштагии кишварро халалдор насозанд. Мо бояд имрӯз чавонони кишвар пайваста аз дастгирихои сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ намуда, пайвата бар муқобили ин гуна шахсони қонуншикани ҷомеа мубориза барем. Нақшаҳои баде, ки хоинони миллат доранд ҳеҷ гох амалӣ нахоҳад гашт. Мо низ намегузорем ба оромии кишвари азизамон аз тарафи ин шахсиятхои манфур халале ворид шавад.

 

 

Тағайзода Рустам узви ҲХДТ