МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР БАРГУЗОР ГАРДИД

Фархор: Ҳисобот  

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнова Сайёра, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва дигар фаъолони ноҳия Баргузор гардид. Маҷлис аз руйи масъалаҳои:

-Натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар нимсолаи аввали соли 2023 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда;

- Дар бораи таъсиси Ситоди “Обуна - 2024” ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”;

- Дар бораи тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ;

- Дар бораи тасдиқи накшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нощияи Фархор дар нимсолаи дуюми соли 2023

- Масъалаҳои ташкилӣ кори худро идома дод.Нахуст ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор шунида шуд.   Ҳусейнзода Сайёра - намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон зимни суханронии худ бобати таҳкими фаъолияти ҳизб дар  ташкилотҳои ибидоӣ, баланд бардоштани иродаи сиёсии мардум, вусъати корҳои созандагӣ дар ҳудуди ноҳия, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, таҳкими идеологияи миллӣ, қабули шахсони арзанда ба сафи ҲХДТ ва амсоли ин суханронӣ намуд. Дар ҳисобот зикр шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  оиди тарғибу ташвиқи тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии шаҳрвандон, сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии қувваи барқ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, ҳамзамон, тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб бо усули «хона ба хона» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сӯҳбатҳо гузаронида шуда, 12ҳ 800 адад варақаҳои таъкидӣ тақсим намудаанд. Оид тарғибу ташвиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда шуруъ аз 28.04.2023 то ин ҷониб дар самти тарбияи ҳарбӣ ватандустии шаҳрвандон, пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлиги ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, захира намудани маводи ғизои барои ду соли минбаъда ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз бо сокинон суҳбату мулоқотҳо доир карда шуданд.   Дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем” дарин давра зиёда аз 84км роҳҳои байни кӯчаҳо ва маҳаллаҳо сангфарш, ҳудуди 17 км заҳбуру заҳкашҳо тоза ва  3,2 км роҳҳи автомобилгард асвалтпуш карда шудааст.  Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботи 10 адад иншооти гигиенӣ аз тарафи сокинон ва 7 адади дигар дар ташкилоту муассисаҳои Ҷамоати шаҳраки Фархор сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.  Дар ин давра аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба сомонаҳо ва саҳифаҳои ҳизбии сохторҳои болоӣ 712 хабару гузориш аз натиҷаи вохӯрию сӯҳбатҳо ва чорабиниҳо  нашр ва инъикос гардидааст, ки аз онҳо 64047 нафар дидан намуданд.Бо корбарии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар асоси дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизби ҷиҳати тарбияи ҳарби ватандустии шаҳрвандон ва ҷалби ҷавонони фаъол ба сафи Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ду нафар сарбози ихтиёри дар даъвати баҳорӣ  бо шаҳодатномаи ҳизби ба сафи Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуданд.Инчунин, дар доираи нақшаи амалиёти муштараки ҲХДТ ва вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон. унвонии “Соати сиёсӣ” ва “Мактаби ман”  Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар якҷоягӣ бо кормандони соҳаи маорифи ноҳия  дар шаш моҳи соли ҷорӣ  240 маротиба дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия бо чалби 18106 нафар хонанда ва 860 нафар хатмкардагони сину соли гуногун баргузор карда шуд. Ситодҳои амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” оид ба тоза намудани гирду атроф ва дохили қабристонҳо гузаронида шуд. Дар Ҷамоатҳои деҳоти Гулшан, Ватан, Фархор, Деҳқонобод, Дарқад ва Ҷамоати шаҳраки Фархор амалиёти “Рӯзи ёдоварӣ” бо иштироки сокинону имомхатибон ва волонтиёрон  гузаронида шуда, дар қабристони тозакардашуда беш аз 100 адад дарахтони ороишӣ шинонида ду адад бошишгоҳи саҳроӣ, як дарвоза, сангфаршкунии зиёда аз 100 метр роҳи дохили қабристон  ба анҷом расонида шудааст.  Ҳамзамон бобати чорабинии сиёсии ҳизбӣ обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ барои соли 2024 сухан рафт. Қайдшуд, ки то ин давра ташкилотҳои ибтидоии “Насими Фархор”, “Хадамоти санитарӣ”, “Кумаки иҷтимоӣ” ва “Гулистон” аввалин шуда нақшаи обунаро иҷро намуданд. Ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ноҳияро зарур аст, ки дар ин маъракаи сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, дар муҳлати муайянгардида сари вақт  ва босифат нақшаи обунаро ба нашрияҳои ҳизбӣ ба анҷом расонанд.

 Зикр рафт, ки қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 25.05.2023,№ 1 оид ба омодагӣ ва сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст.  Роҷеъ ба ин нақшаи чорабиниҳо бо фарогирии чорабиниҳои гуногун дар кумитаи иҷроия таҳия гардида, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ соатҳои сиёсӣ, чорабиниҳо, мизҳои мудаввар, аксияҳои тарғиботӣ бобати дастовардҳои ҲХДТ ҳамчун ниҳоди сиёсии ҷомеа дар таҳкими низоми давлатдорӣ бар гузор карда мешаванд. Лиҳозо дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ бобати сазовор таҷлил намудани 30-юмин солгарди таъсисёбии ҲХДТ дар самти бобати баланд бардоштани иродаи сиёсии мардум, таҳкими корҳои сиёсӣ ва дигар чорабиниҳо ташкил ва  гузаронида мешаванд.  Ҳамаи масъалаҳои дар рузномаи маҷлис пешбинишуда баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Дар интиҳо як зумра фаъолони ҳизб бо ифтихорномаву сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва кумитаи иҷроияи ноҳияи Фархор қадрдонӣ шуданд.