МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД

Фархор: Ҳисобот  

Маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳнатобод” саннаи 14-уми июли соли 2023 баргузор гардида дар он ҳамаи масъалаҳои рӯзнома мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуданд. Аз рӯи масъалаи якум раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳнатобод” Амиршоева Султонбӣ дар назди аъзои ҳизби ин ташкилот оид ба натиҷаи фаъолияи яксолаи ташкилоти ибтидоии мазкур  ҳисобот дода, қарорҳои дохлдоро қабул намуданд. Инчунин доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии “Меҳнатобод” суханронӣ намуданда, қайд карданд, ки дар якҷояги бо масъулини Кумитаи иҷроияи ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани 30 – солагии таъсисёбии ҲХДТ нақша - ҷорабиниҳо таҳия карда корҳои омодагиро ҷоннок менамоянд.Сипас бо пешниҳоди Тағайзода Рустам намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор раис ва котиби ташкилоти ибтидои ҳизҳбии “Меҳнатобод” интихоб карда шуданд. Ҳамин тариқ масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис буда, мавриди барраси қарор дода шуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.