ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КУДАКОН

      Санаи 01- июни соли 2023 дар асоси нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” ва “Фарҳангчиён” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кудакон дар китобхонаи марказии ноҳияи Фархор чорабинии идона баргузор карда шуд.

  Чорабини бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – муовини аввали Ҳаракати Ваҳдати миллӣ дар ноҳия Раҳимзода Раъно ва муовини раиси ноҳияи Фархор Раҳматулозода Дилбар доир гардид.   

       Зимни суханронӣ аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – муовини аввали Ҳаракати Ваҳдати миллӣ дар ноҳия Раҳимзода Раъно ба сухан баромада иброз доштанд, ки фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба тамоми кӯдакону наврасон табрику муборакбод гуфта, барои онҳо даврони босаодати наврасӣ осмони соф, оромию осудагӣ ва хандаи беғубори тифлиро таманно намуданд.

Дар идома барномаҳои театрикунонидашудаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи фархор баҳри ҳозирин намоиш доша дуданд. Ҳамзамон кудакони фаъоли чорабини бо Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои тайёрнамудаи кумитаи тадорукоти чорабинӣ қадрдони карда шуданд.