РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ НОҲИЯ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар асоси нақша - чорабиниҳоит ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”  бахшида ба истиқболи сазоворӣ ҷашни Рузи байналмилалии ҳифзи кудакон чорабинии идона дар муассисаҳои таълимӣ баргузор карда шуда истодаанд.Санаи 31-майи соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 чунин як чорабинии бошукуҳ бо иштирк ва шеърхонии хонандагони хурдсоли муассиса баргузор карда шуд. Дар идома роҳбарияти мактаби мазкур ба сухан баромада фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба тамоми кӯдакону наврасон табрику муборакбод гуфта, иброз доштанд, ки яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти кишвари мо бо таҳсил фаро гирифтани кӯдакону наврасон мебошад. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таҳсилоти давлатӣ кафолат медиҳад. Дар айни замон фарогирии хонандагон ба муассисаҳои таҳсилот 99 фоизро ташкил медиҳад. Вале дар баробари андешидани ҳамаи тадбирҳои зикршуда аз тарафи баъзе наврасону ноболиғон содир кардани қонуншиканӣ ва ҷиноят, ҳатто ҷиноятҳои вазнин ба назар мерасад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷиноятҳои ноболиғон ба иллати назорати сусти волидайн ва бетарафии мактабу ҷомеа, тақлид ба қаҳрамонони филмҳои дорои хусусияти зӯроварӣ, ширкат дар марказҳои дилхушӣ ва истеъмоли шаробу маводи мухаддир сар задаанд. Яке аз ҳадафҳои қонуни "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ҳамин аст, ки дар баробари давлату Ҳукумат падару модарон масъулияти худро бештар дарк кунанд ва вазифаҳои ба зиммадоштаашонро иҷро намоянд.Ҳукумати Тоҷикистон меъёрҳои байналмилалиро оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодии кӯдакон қадам ба қадам амалӣ мегардонад. Дар кишвари мо ҳимояи ҳуқуқ, ҳифзи саломативу ҳаёти кӯдак, фароҳам овардани шароит барои таҳсилоти ӯ аз ҷумлаи самти афзалиятноки сиёсати давлат мебошад. Ба ҷомеаи мутамаддин аз рӯи меъёре баҳо медиҳанд, ки дар он нисбат ба ниёзмандтарин қишри ҷомеа, яъне кӯдакони ятиму маъюбон ва мӯйсафедон чӣ гуна муносибат мекунанд. Аз ин рӯ, танҳо саъю талоши дастаҷамъонаву муштараки ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди мамлакат метавонад ба зиндагии фарзандони кишвар хушбахтӣ ва оромиву осудагӣ бахшад. Танҳо набояд фаромӯш кард, ки барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо - калонсолон вобаста мебошад. Инро бояд ҳар кадоми мо ҳамеша дар ёд дошта бошем. Яъне кӯдакро мо бояд барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода кунем. Ӯро бояд дар рӯҳи ватанпарварӣ, миллатпарварӣ, сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқу рафтори неку ҳамида тарбия намоем.