БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲАИ АВВАЛ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Дӯстӣ:  

Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлисҳои ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаъда идома доранд.

Чунин маҷлис имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Фарҳанг" бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Олимов Иброҳим баргузор гардид.
Сараввал раиси ташкилоти ибтидоии "Фарҳанг"  Давлатов Зайниддин маҷлисро оғоз намуда, оид ба ҷамъбасти фаъолияти ташкилот дар семоҳаи аввали соли 2024 ва нақшаҳо барои минбаъда суханронӣ намуд.  Қайд гардид, ки новобаста аз камбудию пешравиҳо дар фаъолияти ташкилот натиҷаҳо дар соли ҷорӣ қаноатбахш арзёбӣ мегардад.
Сипас Олимов Иброҳим вобаста ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ, омодагиҳо ба сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии ҲизбиХалқииДемократии Тоҷикистон, ҷорӣ намудани рейтинги ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоӣ баромад намуд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.