РУШДИ СОҲАИ КИРМАКПАРВАРӢ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ

Дӯстӣ:  

 Кирмакпарварӣ яке аз соҳаҳои муҳиму сердаромади соҳаи кишоварзӣ  ба ҳисоб рафта, зиёд гардидани ҳосили он фоли нек барои деҳқонон ва аз соли пурбаракат омадан дарак медиҳад.

Ҳамчунин нахи аз соҳаи пиллапарварӣ бадастомада барои рушди соҳаи саноат хеле муҳим мебошад.
  Ҳамасола кирмакпарварони ноҳияи Дӯстӣ, миқдори қуттиҳои кирмакро зиёд намуда ҳосилнокии онро баланд мебардоранд.
Инчунин зиёд гардидани ҳосили он аз тухмии кирмаки босифат ва солим вобастагии калон дорад.
  Зимни сӯҳбат бо сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Хоҷаев Рустамбек яке аз кирмакпарварони пешқадами ноҳияи Дӯстӣ, Юсупова Ҳукминисо иброз дошт, ки зиёда аз 20 сол мешавад, ки ба парвариши кирмак машғул буда як қисми рӯзгори оилаашонро аз даромади кирмакпарварӣ пеш мебаранд.  Аз ҷониби дигар ҳезуми бадастомада барои як сол кифоя буда аз қувваи барқ барои хӯрокпазӣ ва нонпазӣ истифода намекунанд, ки ин ҳам сарфаи нерӯи барқ ва ҳам сарфаи буҷаи оила ба ҳисоб меравад.
  Соли ҷорӣ нисбати солҳои гузашта тухмии кирмак солим буда, алакай дар марҳилаи сеюми парвариш қарор доранд ва калоншавии кирмак низ хуб ба назар мерасад.