ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ СӮҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО СОКИНОНИ МАҲАЛ

Дӯстӣ:  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои якҷояи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, санаи 16 - апрели соли 2024 дар муассисаи таълимии №43-и ноҳияи Дӯстӣ вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ бо роҳбарии муовини раиси ноҳия муҳтарам Шарифзода Зебонисо  ва сохторҳои дахлдор дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони деҳаи Шаҳдрези Ҷамоати деҳоти Ҷиликул, падару модарон, омӯзгорону устодон ва хонанадагони муассиса вобаста ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур инчунин раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷавонон" Саломов Рақибҷон, котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" Мамадназарова Зубайда ва вакили ноҳиявӣ аз деҳаи Шаҳдрез Ҷалолов Абубакр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ, Шарифзода Зебонисо вобаста ба ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, доир ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, маҳкум намудани терроризм ва экстремизм, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва ҷалби ҷавонону наврасон ба маҳфилҳои фаннию ҳунармандӣ, варзишӣ инчунин фаъолияти волонтёрӣ ибрози андеша намудаанд.