ВУСЪАТЁБИИ КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ

Дӯстӣ:  

Деҳқонони ноҳияи Дӯстӣ, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ҷиҳати оқилонаю самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини кишоварзӣ сармашқи кори худ намуда, заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва наздиҳавлигиро самаранок истифода бурда аз як қитъаи замин ду ва се ҳосил дар як сол ба даст меоранд.  Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Дӯстӣ, кишти пахта бо маром идома дошта деҳқонон азм доранд, ки дар муҳлати муайянгардида кишти пунбадонаро ба анҷом расонанд.
Зимни суҳбати муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор бо роҳбари хоҷагии деҳқонии "Баҳор" Иброҳимов Абдуҷаббор маълум гардид, ки дар хоҷагии мазкур имсол зиёда аз 10 гектар пахта кишт карда шуда айни ҳол кишти пунбадона бомаром идома дошта дар қитъаи дигари замин аллакай нашъунамои пахта оғоз гардидааст.
Ба ғайр аз пахта дар хоҷагии мазкур гандум, пиёз, зироати хӯроки чорво ва картошка кишт карда шудааст.
Аъзоёни хоҷагии деҳқонии "Баҳор" замини дар ихтиёр доштаашонро самаранок истифода бурда, дар кишти такрорӣ ҷуворимаккаи дон, сабзӣ ва картошкаи тирамоҳӣ кишт менамоянд.