ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ АМАЛӢ МЕГАРДАНД

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ аз ҷониби Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда истодааст.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён" дар доираи амалиёти "Мактаби Ман" дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 ноҳияи Дӯстӣ, аз ҷониби хонандагони собиқи Муассиса ва аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ошхонаи муассисаи мазкур аз нав таъмир карда шуд.