ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАҲШАТОВАР АСТ

Дӯстӣ: Вокуниш  

Мутаасифона имрӯз терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст”. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 23 январи соли 2015 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.

Таъсири манфии ин зуҳуротҳои номатлуб бахусус пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Осиёи Марказӣ бештар зоҳир шуд, ки сабаби асосии он ноустувории давлатҳои тозаистиқлол ва дуруст дарк карда натавонистани моҳияти демократия ва шакли нави давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Новобаста аз он, ки халқи тоҷик дар даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оид ба хатарҳои мудҳиши терроризм ва экстремизм сабақи таърихӣ гирифта, ин падидаҳои манфии ҷомеаро ҳамчун амалҳои “аҳриманӣ” маҳкум менамояд, то ҳол масоили пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пурра ҳалли худро наёфтааст. Пешгирӣ кардани ҷиноят нисбат ба ошкор намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс барои давлат ва ҷомеа ҳамеша манфиатовар мебошад.
Аз тадқиқотҳои илми криминалогия ба мо маълум аст, ки барои пешгирии ҷиноят, аз ҷумла ҷиноятҳои хусусияти террористӣ, экстремистӣ дошта омӯхтан ва ошкор кардани решаҳо, сабабҳо, ангезаҳо, шароиту омилҳои содиршавии онҳо нақши калидиро мебозад.
Экстремизм – аз калимаи франсузии “extremisme” ва лотинии «extremus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, якравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузашатан буда, экстремист – шахсиятест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст. Экстремизм (тундравӣ аз андоза гузаштан) шахсро ба сӯи содир намудани ҷиноятҳои марбут ба терроризм мебарад.
Махсусан экстремизми динӣ дар замони муосир байни ба ном пайравони дини ислом бештар ба назар мерасад, ки мубаллиғони он аз муқарраротҳои дини ислом сӯистифода намуда, тибқи дастуру нақшаҳои хоҷагони худ, ки душманони ин дин ҳастанд амал менамоянд.
Ба саволи – “сабабу решаҳои пайдоиш ва пайравӣ ба ақидаҳои террористию экстремистӣ дар чист ва омилу ангезаҳои асосии он кадомҳоянд?” ҷавоби дақиқу мукаммал додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосию умумии онро номбар кардан мумкин аст:
Якум, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ). Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки “мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал зиндагӣ дорем”. Дар ин маврид ҷавононе, ки дар зиндагӣ роҳи дурусти худро намеёбанд ё ноком мегарданд, раҳоӣ аз онро дар шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебинанд. Дар ин ҳолат шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро бештар омили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ дошта, баъзе аз онҳо фирефтаи тарғиботи ҷалбкунандаи ин гуна ҳаракатҳо мешаванд ва мушкилоти худро бо ин роҳу васила ҳал кардан мехоҳанд.
Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ, танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.
Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст - ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст. Аксари мусулмонони олам чунин мешуморанд, ки нисбат ба онҳо кишварҳои Ғарб сиёсати духӯра, дурӯя ва меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Муттаасифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Зеро “Қуръон”, ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва таблиғ менамояд. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ. Экстремистон барои ба гумроҳӣ бурдан ва бовар кунонидани ҷавонон ба ғояву андешаҳои муғризонаи худ оятҳои Қуръонро нодуруст ва ба манфиати худ шарҳу тавзеҳ медиҳанд, ки ин амали норавост.
Чорум, рақобати абарқудратҳо барои ҳимояи манфиатҳои худ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, афзудани нуфуз, таъсири онҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам, мубориза барои ба даст овардани сарватҳои табиӣ: нефт, газ, об, канданиҳои фоиданок, захираҳои энергетикӣ сабаби нооромӣ, ҷангҳои минтақавӣ, афзудани шумораи гурезаҳои иҷборӣ, ба вуҷуд омадани норозигӣ ва оқибат пайвастани гурӯҳи ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва олами ҷинояткорон мегардад. Абарқудратҳо ҳамон шиори классикии “тақсим куну ҳукумат рон”-ро то ҳол истифода мебаранд, бо тадбиқи сиёсати “духӯра” дар кишварҳои сусттарақикарда мухолифони ҳукумат, ва ҳатто гурӯҳҳои террористию экстремистиро таъсис, таъмин ва тарафдорӣ менамоянд. Давлатҳои абарқудрат, махсусан давлатҳои Ғарб ба мақсади соҳибӣ кардани нефт, фурӯхтани аслиҳаи кӯҳнашудаи худ, ки аз ин ҳисоб маблағҳои зиёдро ба даст медароранд, аз ҳисоби муҳоҷирони иҷборӣ қувваи кории арзонро муфт соҳиб мешаванд, хариду фурӯши узвҳои бадани инсон (трансплантатсия)-ро ба тиҷорати сердаромад табдил додаанд, бо баҳонаи кӯмаки башардӯстона бо ворид сохтани қӯшунҳои ҳарбии худ барои баланд бардоштани маҳорати ҷангии онҳо, дар баъзе давлатҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Сурияву Ироқ, ки мардумашон зиндагии тинҷу ором доштанд, “Давлати исломӣ”-ро маблағгузорӣ ва ташкил намуда, мардуми ин кишварҳоро ба хуну хок оғушта намудаанд.
Панҷум, густариши хариду фурӯши маводи нашъаовар, яроқу алсиҳа. Бархе аз гурӯҳҳои экстремистию террористӣ аз ҳамин ҳисоб маблағҳои калони пулӣ ба даст меоранд ва ба ин мақсад амал мекунанд. Давлатҳои абарқудрат маҳз ба воситаи чунин гурӯҳҳо яроқу аслиҳаи худро ба фурӯш мебароранд. Тиҷорати маводи нашъаовар ва аслиҳа яке аз сабабҳои доман паҳн кардани гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад.
Шашум, шароити вазнин ва сатҳи пасти зиндагӣ, мавҷуд набудани ҷои кор, манзил, камбизоатӣ, нодорӣ боиси норозигӣ ва гаравидани баъзе гурӯҳҳо ба экстремизм ва терроризм мегардад.
Ҳафтум, як чизи ҳайратовар низ мушоҳида мешавад, ки дар байни аъзои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ фарзандони оилаҳои сарватманд, ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ набударо низ дидан мумкин аст ва инро бояд равоншиносон, сотсиологҳо ва дигар равияҳои илмҳои ҷомеашиносӣ таҳлил намоянд.
Ҳаштум, қасдгирӣ, ғараз, хусумат. Баъзе шахсон, гурӯҳҳо, ки бо роҳи ғайриқонунӣ ба сари мансаб меоянд, пулу сарват ҷамъ мекунанд ва дар ҳолати фош шудан аз мансабу сарват маҳрум шудан ба гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ, экстремистӣ, террористӣ пайваст мешаванд ё онҳоро дастгирӣ менамоянд.
Нуҳум, ба хотири обрӯ, нуфуз, соҳиби мансаб, сарвату боигарӣ шудан, баъзе ходимони дин равия ва ҷараёнҳои гуногуни динӣ – ифротию тундравро таъсис медиҳанд.
Даҳум, баъзе шахсон, хусусан ҷавонони камтаҷриба ва камтарбия ҳастанд, ки табиатан ҷангҷӯ, моҷароҷӯй ва ҳангоматалаб буда, бо ҳар роҳу васила ҳатто бо ҷиноят ва шомил шудан ба гурӯҳҳои экстемистӣ, террористӣ худро намоиш додан ва дар ҷомеа ба “обрӯ”, “нуфуз” ва “эътироф” соҳиб шудан мехоҳанд.
Ёздаҳум – омили олами ҷиноӣ, ҷинояткорон. Баъзе шахсони ҷинояткор, аз ҳабс гурехта, зери кофтуков қарор дошта барои халосӣ аз ҷазо ва ҳимояи худ ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд.
Дувоздаҳум – фанатизими (таассуби) динӣ, таҳаммулнопазирӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба намояндагони дину мазҳабҳои дигар.
Тибқи ақидаи коршиносон ва таҳлилгарон ҳоло беш аз 18 ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои террористию экстримистӣ ва радикалӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ба тақрибкорӣ, ҷудоиандозӣ ва дигар амалиётҳои ифротӣ машғуланд. Аз соли 2006 то ба имрӯз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳалномаи худ беш аз 15 ҳизбу ҳаракатҳоро ҳамчун ташкилотҳои террористию экстремистӣ ҳисобида, фаъолияти онҳоро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ намудааст, аз ҷумла: “ал-Қоида”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Ҳаракати Толибон”, “Бародарони мусулмон”, “Лашкари Тайба”, “Гурӯҳи исломӣ”, “Ҷамъияти таблиғ”, “Созмони таблиғот”, “Тоҷикистони озод”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ансоруллоҳ”, “Ҷараёни ифротии салафия”, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ун-нусра”, “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”. Ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии номбаршуда, танҳо дар ном гуногун буда, мақсад, роҳҳои ҷалб кардан ва нияту нақшаҳои якхела доранд. Мақсади ниҳоии онҳо ғасби ҳокимият, тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва бунёди давлати исломӣ мебошад.
Дар ин васила моро зарур аст, ки барои дарки мафҳуми тероризм ва экстремизм на танҳо дар байни ҷавонон балки дар байни наврасон ва калонсолон, низ корҳои фаҳмонидадиҳиро бештар намоем. Тавре, ки дар боло зикр намудем, бо як роҳи дастгир намудан ва ҷазо кашидани ин нафарон ғубор аз осмон соф намегардад.  
Масалан:  Ҳамаи мову Шумо медонем, ки имрӯзҳо қисмате аз қувваи қобили меҳнат ба хусус ҷавонон дар давлатҳои Руссия, Қазоқистон Аврупо ва ғайраҳо  дар муҳоҷират мебошанд. Бевосита бисёре аз онҳо тариқи технологияи муоссир аз сомонаҳои иҷтимоии интернет истифода мебаранд. Мутаасифона муҳоҷироне ҳастанд, ки аз истифодаи фарҳанги дуруст истифодабарии он дур монда, вориди ҳама гуна саҳифаҳои иҷтимоии интернет мегардад. Мушоҳида мегардад, ки сомонаҳои иҷтимоии Instagram. YоuTude. Telegram. Одноклассник сомонаҳое мебошанд, ки истифодабарандаи он дорои хирад ва заковати қавӣ доштанаш зарӯр аст. Зеро дар ин сомонаҳо тамоми аксу наворҳои фаҳш, фисқу фасод, куштору зӯроварӣ, инчунин филмҳои махсусе, ки бе ҳуқуқҳои муаллиф аз тарафи гурӯҳҳои экстремисти-террористӣ нашр мегарданд бинанда ва истифодабарандаи онро ба худ ҷалб менамояд.
Дар навбати аввали истифодабарандаи чунин сомонаҳо аз дидани ин наворон дар тааҷуб мемонад
Дуюмбора ба тамошои онон таваҷҷӯҳ менамояд то боз тамошо намояд.
Сеюмбора чунин аксу наворҳоро новобаста аз он, ки ба манфияти кӣ мебошад тарафдорӣ намуда, (лайк) мегузорад.
Дар навбати чорум завқ пайдо намуда, бо онҳое, ки чунин маводро интишор намудаанд дӯстӣ пайдо менамояд ва дар навбати худ ба дӯстони худ низ интишор менамояд.
Панҷум дар вуҷуду ахлоқи он ин амалҳо одат шуда, ҳамаи касбу корро партофта мубталои завқу ҳаваси истифодабарии чунин амалҳо мегардад.
Ҳамин тариқ як шаҳрванди оддӣ метавонад аз сустии иродаи худ шомили ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ гардида, ба як нафари ҷоҳил табдил ёбад. Қайд кардан зарӯр аст, ки ҳар як нафаре, ки ба доми терористон ва ё экстримизм афтодааст, аз як амалҳои оддии назарногир ҳувияти худро аз даст додааст.  Боварӣ дорам агар бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар байни ҷавонони кишвар ва хориҷ аз тарафи масъулин ва падару модарон дар мавзӯи истифодаи дурусти фарҳангии интернет ҳарчи зиёд гардад ин боиси дар оянда осон гардидани чунин вабо ва мушкилот мегардад.
Дар урфият гуфтаанд:  Бало аз кафи пой бармеангезад.
Ана он балое, ки бисёриҳо аҳамият намедиҳанд дар чунин сомонаҳои иҷтимоӣ қарор доранду якояк ҷавонони мо дар бало ғарқ гардида истодаанд.  Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ. На интизори он бошем то вуқуъи он атрофро ба коми оташи худ кашад. Чунки ҷангал сухт тамоми табиат месӯзаду парандагон ба ҷои дигар мекӯчанд.

Раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Дӯстӣ: Ҳамидзода Абдулҳафиз Ҳамид