САРБОЗИ ВАТАН БУДАН ШАРАФ АСТ

Дӯстӣ: Созандагони ватан  

 Дар доираи ташаббуси ҳизбии "Сарбози ихтиёрӣ"  вобаста ба ҷалб намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даъвати баҳории  соли 2024, аз ҷониби кормандони масъули Кумита бо ҷавонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва падару модарон як қатор суҳбату вохуриҳоро баргузор карда шудаанд.

Натиҷаи чунин суҳбату вохуриҳо ва таблиғотҳо буд, ки дар рӯзи  якуми даъвати сарбозон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 10 нафар ҷавонон дар назди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Дӯстӣ ҳозир гардида омодаанд, ки ҳамчун сарбози ихтиёрии ҳизбӣ рафта дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Модар-ватанро адо кунанд.
  Вобаста ба ин масъала имрӯз 10 нафар ҷавонписарон ҳамчун сарбози ихтиёрии ҳизбӣ аз ҷониби аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, раиси ноҳия Нишонзода Даврон Назаралӣ ва  раиси Кумитаи иҷроия Ҳамидзода Абдулҳафиз ба сарбозони ихтиёрӣ шаҳодатномаи ҳизбии "Сарбози ихтиёрӣ" дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.
  Зимни баромадашон раиси ноҳия  қайд намуданд, ки чунин шуҷоату далерии ҷавонон шоистаи таҳсин буда, намунаи ибрат, барои дигар ҷавонписарон мебошад, ки дар фазои тантанавӣ, шукрона аз Истиқлолияту давлатдорӣ ба хизмати Модар-ватан сафарбар карда мешаванд.