НАВРӮЗ- РӮЗИ НАВ, ОҒОЗИ ҲАЁТ ВА НАВСОЗӢ АСТ

Дӯстӣ: Андеша  

Наврӯз рӯзи таваллуди дубораи ҳаёти замин, тамоми мавҷудоти рӯи замин ва бедории табиат пас аз хоб аст. Рӯзест, ки дарахтон пироҳани сабз дар бар ва гулҳои рангорангро бар гесувони худ меовезанд. Сардиву сармо рахт бар мебандад ва ба ҷои он насими навозишгару ҳаётбахши табиат вазидан мегирад. Замин қабои махмалини сабз мепӯшад, андалебон бар шохаҳо бо тараннуми ишқ нағма месароянд.

Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии мардуми форсу-тоҷик мебошад, ки аз қадимулайём дар байни ин мардум ҷашн гирифта мешавад ва ҳеч ҷашне ҳамқадам бо табиат ва ҳамагонӣ, мисли Наврӯз нест. Наврӯзро имрӯзҳо халқу миллатҳои ҳамсояи мардуми форсу-тоҷик низ қабул кардаанд ва бо тарзу хосаи худ таҷлил мекунанд. Наврӯз на танҳо иди башар, балки ид ва ҷашни тамоми мавҷудоти хокист.
Наврӯзро мо тоҷикону форсизабонон дар нахустин моҳи соли хуршедӣ - он гоҳ ки офтоб ба бурҷи Ҳамал интиқол ёбад ва шабу рӯз баробар гардад, дар нахустин рӯзи Фарвардинмоҳ, яъне дар рӯзи 21-уми марти солшумории милодӣ - ҷашн мегирем. Наврӯз дар таърих ва адабиёти классикии форсу тоҷик гоҳ ба номи Ҷашни Фарвардин ва гоҳ бо номи Ҷашни Баҳор оварда мешавад, вале бештар вожаи «Наврӯз» ба кор рафтааст.

Ҷашни фархундаи Фарвардин аст,
Рӯзи бозори гулу насрин аст.

***
Бар лашкари замистон наврӯзи номдор
Кардаст ройи тохтану қасди корзор.

Ин ҷашн дар асл яке аз ду ҷашнҳои бузурги ориёиён (Фарвардин ва Меҳргон) будааст, ки дар даврони қадим дар оғози фаслҳои гармо ва сармо ҷашн гирифта мешудаанд. Фасли гармо дорои ҳафт моҳ буд ва фасли сармо дорои панҷ моҳ (тобистони бузург ва замистони кӯчак).
Дар бораи пайдоиши Наврӯз дар манбаъҳо ва маъхазҳои таърихӣ маълумоти мухталифе вуҷуд дорад, вале ба ин нигоҳ накарда таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз аниқ маълум нест. Мувофиқи ривоятҳои форсӣ дар ин рӯз Сиёвуш аз тарафи Афросиёб ҳалок гардида дафн карда мешавад. Ин ривоят дар китоби муқаддаси «Авасто» хотиррасон карда шудааст. Маълумоти зиёдтар оид ба ин ривоятҳоро дар «Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ пайдо намудан мумкин аст.
Олими озарӣ - Набиев А. дар китоби худ «Новруз Байрамы» изҳор медорад, ки дар сарчашмаҳои ба мо маълум оварда шудааст, ки рӯзи дафн шудани Сиёвушро «Наврӯз» ном ниҳода, он ҳар сол чун ид ҷашн гирифта мешавад.

Аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан"