АЗ ИН АМАЛИ НОРАВО ХУДДОРӢ БОЯД КАРД

Дӯстӣ: Андеша  

Худкушӣ падидаи нави иҷтимоӣ набуда, таърихи дуру дарози омӯзиши иҷтимоӣ-психологии худро дорад.Амали худкушӣ ҳамчун мушкилии ба ҳама давру замон хос буда,падидаи иҷтимоӣ ва психологӣ ба ҳисоб меравад.Мувофиқи маълумотҳои омории солҳои охир,амали худкушӣ миёни дигар сабабҳои боиси марги одамон гашта,баъд аз ҳодисаҳои фавқулода ва қатл дар ҷои сеюм меистад.Дар зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва монанди ин аввал дар инсон мушкилотӣ психологӣ дар шакли вайроншавӣ ё бемории психики пайдо мешавад,ки маҳз он сабаби бевоситаи пайдошавии майли худкушӣ ё даст ба худкушӣ задан мегардад.Омӯзиши хусусиятҳои психологии шахсони майл ба худкушидошта ё қасди худкушикарда масъалаи воқеан ҳам мубрами руз маҳсуб меёбад.

Мақсади умумии амали худкушӣ, ин раҳои ёфтан аз мушкилии пешомада мебошад.Худкушӣ амалест,ки ба воситаи он шахсӣ худкуш қасди ҷони худро карда мехоҳад аз чизе гурезад ё ба чизе ноил шавад.Шахс ба ин восита мехоҳад,ки аз тамоми фишору азиятҳои азоби рӯҳӣ ва мушкилиҳои рӯзмарраи зиндагӣ раҳои ёбад.Психолог-тадқиқотчӣ Н.Фейбероу доир ба пешгирии бартарафнамоии амалӣ худкушӣ тадқиқотҳои дуру дароз анҷом додааст.У ҳамчун президенти ташкилоти байналмиллалӣ оид ба пешгирии худкушӣ дар китоби худ "Шаклҳои вайронкунандаи рафтори инсон" андешаҳои муҳимро иброз намудааст.Ба андешаи ӯ яке аз омилҳои худкушӣ истеъмоли моддаҳои психотропӣ ва маводҳои нашъадор ба шумор меравад.Дар баробари муносибаи фарҳангу тамаддун таълимоти динӣ низ нисбат ба ин падида бетараф нест.Масалан,дар китоби муқаддаси"Қуръон",дар сураи Нисо ояти нуздаҳ оварда мешавад: " Ва худатонро макушед.Ҳар оина Худо ба шумо меҳрубон аст". Аз нигоҳи дини масеҳӣ низ худкушӣ сахт маҳкум карда мешавад.Дар "Инҷил" омадааст: "Магар намедонед,ки шумо ибодатгоҳи Худоед ва рӯҳӣ Худованди дар шумо зинда аст.Агар касе ибодатгоҳи Худоро вайрон созад, Худованд ӯро сазовори ҷазо донад,зеро ибодатгоҳ муқаддас аст ва ин ибодатгоҳ тани шумост".Дини яҳудия низ амали худкуширо аз ҷумлаи гуноҳҳои кабира мешуморад,ки аз куштор ҳам вазнинтар аст, зеро он пӯшише аст зидди қазовати Худо.
Аз ин гуфтаҳо бар меояд,ки ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла, дини мубини Ислом худкуширо маҳкум мекунад.Мавриди зикр аст,ки аксари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дини мубини Ислом пайрави мекунанд ва ба китоби муқаддаси "Қуръон"-и Карим эҳтиром ба ҷо меоранд.Бинобар ин,барои пешгирӣ намудан ва коҳиш додани ин амал дар байни наврасону ҷавонон, такя ба ҷаҳонбинӣ ва тафаккури динии онҳо намуда, гуноҳи кабира будани худкуширо аз назари дини бо оятҳои китоби муқаддаси "Қуръон"шарҳу тавзеҳ додан ба мақсад мувофиқ аст.

Маҳмадшарифзода Ҷамшед:  Аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Амонатбонк" ноҳияи Дӯстӣ