БА ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ҲАМЕША ОМОДАЕМ

Дӯстӣ: Созандагони ватан  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ва Комиссариати ҳарбии ноҳияи Дӯстӣ,  субҳи имрӯз 14.03.2024, тайёрии омодагии қувваҳои эҳтиётии низомӣ оид ба "Мудофиаи ҳудудӣ" баргузор карда шуд.

Дар ин ҷамъомади омодагӣ тамоми афсарони дар эҳтиётбуда, гурӯҳҳои ихтиёриён, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, дигар кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, раисони Кумитаҳои маҳалла, имомхатибон ва ҳамаи ҷавонмардон иштирок намуданд.
Намояндаи Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷамъомадагон, барои сари вақт дар ҷои лозимӣ ва бо теъдоди зиёд ҳозир шуданашон изҳори миннатдорӣ баён намуда, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии "Мудофиа и ҳудудӣ" баҳои баланд доданд.