ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБИРО АМАЛӢ НАМУДАН ЗАҲМАТТАЛАБ АСТ

Дӯстӣ: Андеша  

Тавре ба ҳамагон маълум аст амалӣ намудани ташаббусҳои ҳизбӣ яке аз ҳадафҳои кории ҲХДТ ба ҳисоб меравад. Бо ин васила Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  дар ҳамкори бо шахсони саховатпеша як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.           

Кормандони ҲХДТ дар ноҳия бо шаҳрвандон ҳамкорӣ намуда 19 маротиба Аксияи муштараки ноҳиявии ҳизбӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” бо иштироки 1720 нафар аъзоёни фаъолӣ ҳизбӣ, имомхатибон, волонтиёрон ва шаҳрвандон гузарониданд.
Дар дораи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем” корҳои ободониву созандагӣ дар доираи ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ таъмиру сангфаршкунии роҳҳо дар маҳал ба масоҳати 13,2 км, ва сохтмони 4 адад купрукҳо ба анҷом расонида шудааст.
Инчунин дар ин давра бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроия дар ноҳия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 16 маротиба “Хонишҳои сиёсӣ” ва 12 маротиба зери унвонӣ “Мактаби Ман” суҳбату вохуриҳо гузаронида шуд. Дар ин замина донишҳои ҳуқуқии коллективи омӯзгорон ва хонандагон баланд бардошта шуд.
Сохта ба истифода додан ё саҳм гузоштан дар ободиву пешрафт ва сохтани синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ,  амалӣ хайру нек ба шумор рафта, номи неки шахсони созандаву ободкор дар дилу дидаҳои ҳар як шахс нақш мебандад ва таърих низ аз чунин шахсиятҳо ба неки ёд намуда, амалҳои хайру саҳми назаррас гузоштааш ҳамеша дар ёдҳо ҳамчун инсони хайрхоҳу накӯкор боқи мемонад.
Баъди гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ зери унвони “Мактаби Ман” имрӯзҳо дар  ҳудуди ноҳия 31 синфхонаҳои иловагӣ бо ташаббусӣ Кумитаи падару модарон сохта шуда истодааст.
Илова бар ин дар ин давра як “Осёб” ва 1 ҳоҷҷатхонаҳо бо усули дренажи сохта ба истифода дода шудааст.
Ҳамзамон ду маъюби гуруҳҳи якум ҳар моҳ аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо нафақа ба маблағи 500 сомонӣ таъмин карда мешаванд.
Хулоса мо аҳли кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ тасмим гирифтаем, ки корро дар самти “Ташаббусҳои ҳизбӣ” ҷоннок намуда дар оянда як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонем.

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ: Олимов И.А.