БАРОИ ХУШБАХТИИ ОИЛА ВА ФАРЗАНДОН ТАЛОШ БОЯД КАРД

Дӯстӣ: Андеша  

 

 Оила ва оиладорӣ ин муҳимтарин рукнҳои зиндагии инсонӣ ба ҳисоб ёфта, пойдории он ва асоси хушбахтии аъзоёни он дар ҳаёти шахсии онҳо ба ҳисоб меравад. Дар қонунгузории имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таърифи ҳуқуқии оила дода нашудааст, вале дар “Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ”  таърифи он чунин оварда шудааст: “Оила иттифоқи озод, ихтиёрона, баробарҳуқуқ ва чун қоида якумраи зану шавҳар аст, ки ба муҳаббату эҳтироми тарафайн бо мақсади ташкили хонавода барои тавлид ва тарбияи фарзандон асос ёфта, бо риояи ҳама шартҳои дар қонун зикршуда ва умумияти маънавӣ, инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳоро байни аъзои оила ба вуҷуд меорад ва дар ҳимояи давлат қарор дорад” .                  
         Давлат бо  қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии худ гарави ҳимояи оила мебошад,  
        Вале аъзоёни оила дар зиндагӣ баъзан ба мушкилоту воқеоте рӯ ба рӯ мешаванд, ки он мустаҳкамии оиларо халалдор сохта, баъзан вақт боиси вайрон гаштани онҳо мегардад. Гоҳе муносибатҳои зану шавҳар бо сабаби рафтори ношоистаи зан ё мард, риоя нагардидани ҳуқуқҳои онҳо аз ҷониби якдигар, беэҳтиромӣ  нисбат ба ҳам,  завқу табъи ҷониби дигарро ба эътибор нагирифта, ба майли худ рафтор кардани яке аз сарварони оила дар корҳои зиндагӣ ва ҳолатҳои дигар сабабгори  вайроншавии оилаҳо гашта истодааст.  
          Дар ҷомеаи имрӯзаи давлат гарчанде барои пешгирии ин мушкилот аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ҳамчунин иттиҳодияҳои динӣ саъю кӯшиши беандоза дода шавад ҳам,  шумораи вайрон шудани оилаҳо, махсусан дар миёни ҷавонон, сол ба сол зиёд мегардад.  Сабаби зиёди бекор гаштани ақди никоҳи ҷавонон ин омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона мебошад. Дар баъзе оилаҳо камтаҷрибагии сарварони оила (шавҳарон), нокомилии тарбияи навхонадоршудагон, муноқишаҳои беасоси ҳамсарони ҷавон ва зиёд гӯш кардани тарафайн ба “насиҳатҳои хуб”-и баъзе аз “модарони дилсӯз” оилаҳои ҷавон барҳам мехӯранд.
     Сабаби дигари пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд. Ин масъала низ барои хушбахтии оилаҳои ҷавон бисёр муҳим аст.
      Тибқи моддаи 15-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда, инчунин додани машварат доир ба масаълаҳои тиббиву генетикӣ ва масъалаҳои солимгардонии оила аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустии маҳали истиқоматии онҳо ба таври ройгон ва танҳо бо ризоияти шахсони никоҳшаванда анҷом дода мешавад. Вале онҳо аз ин ҳуқуқи муқарррарнамудаи қонун истифода намекунанд. Бояд гуфт, ки масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи мушкилоте мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кулли тамоми ҷомеаро тақозо мекунад.  
          Имрӯзҳо дар оилаҳои хуб фарзандони бомаърифати хуб ба воя мерасанд ва ояндаи давлату миллат аз ин гуна фарзандон вобастагии калон дорад. Агар падару модарон барои дар роҳи илму дониш роҳнамун намудани фарзандони хеш кӯшиш намоянд, дар ҷомеаи имрӯза оилаҳои солиму бофарҳанг ба вуҷуд меояд. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доим таъкид менамоянд, ки пешрафту тараққиёти ояндаи кишвар, боигарии давлат аз кадрҳои баландихтисос вобастагии зиёде дорад. Аз ин рӯ, ҳар як падару модарро муҳим аст, ки фикри ояндаи фарзандро  андешида намуда онҳоро аз беҳудагардиҳо нигоҳ дошта, дар рӯҳияи ватандустию меҳанпарастӣ  ва инсондӯстӣ тарбият кунанд
       Хулоса,  муҳимтарин роҳ барои комёб  шудан дар таълиму тарбияи фарзандон ва насли наврас ин пеш аз ҳама оилаи солим,меҳнатдӯст ва бофарҳанг бояд бошад зеро ҳаёти солими миллат аз фазои солими оила маншаъ мегирад

 

                   Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти
                   КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ                                     Олимов Иброҳим Абдуллоевич