ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗ АСТ

Дӯстӣ: Андеша  

"Ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад". Эмомалӣ Раҳмон. Имрӯз Тоҷикистони азизи мо тибқи муқаррароти меъёри давлатдорӣ соҳиби парчам, нишон, суруди миллӣ ва артиши миллии худ мебошад. Парчаму нишон бо рангу рамзҳояшон ҷаҳониёнро ба анъанаҳои миллӣ ва қаҳрамониҳои беназири тоҷикон ошно месозанд. Ба андешаи ман, мо метавонем бо нерӯи ақлонӣ ва ҷисмонӣ истиқлолияти давлатии худро ҳифз намоему ватанамонро ободу зебо гардонем. Зеро оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста аст. Агар кишвар орому осуда ва дар саросари он сулҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фароҳам гашта, муҳаббати мардум низ меафзояд.

Тавре Сарвари давлат, Пешвои муаззами кишвар зикр намуданд. «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлоли Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд».

Ҷавонон бояд мувофиқан, дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гузашта бештар ва аз имрӯза хубтар бо руҳияи баланду болида ва ифтихору қадрдонӣ аз истиқлолияти комил ва ваҳдати миллӣ кӯшишу ғайрат намуда, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддун ва фарҳангдӯст камари ҳиммат баста, пайваста созанда, бунёдкор ва ҳимоятгар бошанд.

Назаров Мирзо роҳбари ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар н. Дӯстӣ