30- СОЛИ СОЗАНДА ВА ТАШАБУСҲОИ ҲХДТ

Дӯстӣ: Созандагони ватан  

Дар асоси нақшаи 30 - солагии таъсисёбии ҲХДТ, КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "ҲХДТ 30- соли СОЗАНДА" дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, баргузор намуд, ки кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия ба роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ банери тақвим ва аъзои раёсатро тақдим намуданд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ нақш ва мавқеи хосса дорад ва бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ баҳри таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ободиву шукуфоии Ватани азиз пайваста талош меварзад. Ҳамин аст, ки пайванди миёни ҳизб ва мардум, ҳизб ва ҷомеа дар ин муддат на танҳо устувору побарҷост, балки сол то сол, давра ба давра дар ҳоли густариш ёфтан мебошад.

Раиси муазами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд кардаанд, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад”.

Воқеан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон наздик ба 30- соли фаъолияти босамари худ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” ба ҷомеаи мо марҳила ба марҳила навгонӣ ворид карда истодааст ва баҳри таҳкими дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту тараққиёти ҷомеаи шаҳрвандӣ пайваста кӯшиш менамояд.