ВОХӮРӢ БО НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ДАР МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ

Данғара: Созандагони ватан  

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ, дар ноҳияи Данғара мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Раҷабализода Ҳокимали дар ноҳияи Данғара вобаста ба масъалаҳои терроризм ва экстремизм, шомил нашудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, даст назадан ба ҷинояту ҷинояткорӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, зӯроварӣ дар оила ичунин таълиму тарбияи ҷавонон дар руҳияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани ҷомеа, ки аз мактабу муаллим вобастагӣ дорад бо хонандагони ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён", дар  тамоми муассисаи таълимии ҷамоати шаҳрак  вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ Раҷабализода Ҳокимали баромад намуда қайд кард, ки ҷавонон аввалин дараҷа бояд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хизмат карда, қарзи шаҳрвандии худро дар назди Модар - Ватан адо намоянд. Агар ҳар як деҳа тибқи нақшаи пешбинишуда ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон саривақт сафарбар намоянд, ҳам нақшаи даъват иҷро мегардад ва ҳам ҷавонон бо ин васила мактабӣ ҷавонмардиро аз худ намуда масъулияти мардонагиашонро дар назди худ ва давлату миллат дарк менамоянд.

Инчунин, дар масъалаҳои терроризму экстремизм, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи наврасону ҷавонон, даст назадан ба ҷинояту ҷинояткорӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон