ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ ЗЕБОНИГОРӢ ВА САБЗУ ХУРРАМГАРДОНӢ ДАР ТАМОМИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии тамоми муассисаҳои ҳизбии ноҳия мунтазам иқдомҳои ободу зебо гардидани муҳити кору зист сурат гирифта истодааст.

Тамоми  кормандони ташкилоту муассиса ба ҳашари дастаҷамъона дар корҳои ободониву зебонигорӣ ва сабзу хуррамгардонии ноҳия  баромаданд.

Иқдомоти мазкур ҷиҳати омодагии ҷиддӣ гирифтан ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу роҳандозӣ гашта, дар он аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаъолона ширкат варзиданд, ки шоистаи таҳсин буда, чунин ташаббусҳо дар оянда низ давом дода хоҳад шуд.