ФАРҲАНГИ САРУ ЛИБОСПӮШИРО БОЯД ЭҲЁ НАМОЕМ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла мақомоти болоии ҳизбӣ, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии ҳар гӯшаи диёр, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда пайваста миёни сокинон мулоқоту вохӯриҳо гузаронида истодаанд.

Фарҳанги либосдории миллати тоҷик аз қадимулайём яке аз фарҳангҳои зеботарину оламшумор ба ҳисоб мерафт.Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гаштаву баргашта таъкид аз он мекунанд, ки занону ҷавонон аз фарҳанги пушидани сару либоси миллати худ бояд истифода бурда ба ҷаҳониён дарак аз он кунанд, ки мо тоҷикони ҷаҳон сару либоси худро дорем ва аз он пайваста ифтихор дорем. Бояд қайд намуд, ки миллати тоҷик аз давраҳои қадим расму анъанаҳои худро ҷиҳати ба бар кардани сару либосҳои миллӣ вобаста ба минтақаи худ дошт ва ин анъанаҳои гузаштагони мо то ба имрўз омада расидааст. Аз ҳамин лиҳоз гуфтан ҷоиз аст, ки ҷавонону занҳои мардуми мо набояд тақлид аз бегонагон кунанду фарҳанги либоспўшии мардуми бегонаро дар байни ҷомеа паҳн кунанд. Бар акс мо бояд фарҳанги сару либоспӯшии мардуми худро дар байни ҷомеъа бояд эҳё намуда аз анъанаҳои миллии худ васеъ истифода барем ва  ҷавононро дар руҳияи ватандустиву хештаншиносӣ тарбия кунем.