ВОХӮРИ БО ДОНИШҶӮЁН ВОБАСТА БА МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РӮЗ

Данғара:  

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Раҷабализода Ҳокимали ва Раҳмонзода Аваз ҳамарӯза дар тамоми муассисаҳо, оиди  тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Коллеҷи политехникӣ”, бо донишҷӯён, вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз ба монанди шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, истифодаи дурустӣ телефонҳои мобилӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманд доир карда шуд.