САҲМИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "БОҒБУНЁД" ДАР ОБОДОНИИ ШАҲР

Бохтар:  

     Бояд қайд намоем, ки ҳамарӯза ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Боғбунёд" дар ободонии шаҳри азизамон фаъолона ширкат варзида, баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд.
Санаи 18-уми апрели соли 2024 аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ "Боғбунёд" дар кӯчаи Борбад шанбегии дастаҷамъона доир намуданд, ки барои тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи шаҳр ба ҳашари дастаҷамъона баромада, гирду атрофи шаҳро аз партовҳо ва роҳраву гулгаштҳоро аз алафҳои бегона тоза намуда, ба ороиши гулҳои мавсимӣ пардохтанд.
Ин иқдом аз тарафи аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ташкилотҳои ибитидоии ҳизбии минбаъд низ дар назар аст.