БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ “ТОЗАГӢ” АЗ ҶОНИБИ ҶАВОНОНИ ТИ “БУНЁДКОР”

Бохтар: Созандагони ватан  

     Санаи 18 - уми апрели соли равон тибқи нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Бунёдкор" аксияи хизбӣ таҳти унвони “Ҳизби созанда ва бунёдкор” доир карда шуд.

Ин иқдом бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ карда шуда, баҳри ободу зебо намудани ҳар як гушаи шарҳи Бохтар ба ҳисоб меравад.

 

Кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва  аъзои фаъоли Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бунёдкор” (литсейи касбии техникӣ) иштирок намуда, гирду атрофро аз ҳар гуна парптовҳо тозаву озода намуда, зери дарахтонро нарм ва гулҳои гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки чунин иқдомҳои тозагӣ бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, хуррамгардонию сарсазбз намудани шаҳри азизамон Бохтар бо ҷалби аъзоёни фаъоли ҳизб доир карда мешавад.