ПЕШГИРИИ НАВРАСОН АЗ ШОМИЛШАВӢ БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ

Бохтар: Вокуниш  

     Сабабҳои гароиши босуръати бархе аз ҷавонон ба ин ҷараёнҳои террористӣ зиёд аст аз ҷумла паст будани сатҳи огоҳии ҷавонони мусулмон аз мазмун ва моҳияти дини мубини ислом коҳиши асосҳои ахлоқӣ бештар шудани тафовут ва сатҳи зиндагии қишрҳои ҷомеа, талош барои ҷустуҷӯи адолати иҷтимоӣ аз ҷумлаи омилҳои рушди ин раванд мебошанд.

Дар замони муосир тамоюли афзоиши терроризм ва экстремизм ба назар мерасад дар ин шароит мубориза ба муқобили чунин зуҳурот зарурати воқеии ҳар як давлати дунявӣ дар ҷаҳон гаштааст.

Одатан ҷавонон, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаад осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳои экстремистию террористӣ ҷалб мешаванд, азбаски ҷавонону наврасон ҳассосанд подоши амалро фикр накарда побанди он мегарданд.

Ҳар ҷавоне, ки ба чунин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад дар мақсадҳои шум ва фаъолияти зиддидавлатию зиддимиллӣ шариканд, яъне ӯ бевосита дар муқобили давлату миллати худ ҳамчун душман мебошад. Маънои дигар бошад ҷавонони тоҷик ки синни аксарияташон аз 18 то 30 аст бо роҳҳои гуногуни тундгароӣ исломӣ аз он ба таври фирефтаи макру ҳилла васеъ истифода мебаранд, ки онҳо аз лиҳози ахлокӣ ақидавӣ заиф буда зуд боваранад аз маърифати исломӣ садҳо фарсах дуранд ва иродаи қавӣ надоранд сабаби дигар он аст, ки фаҳмиши нодурусти озодӣ боиси он гардид ки баъзе гурӯҳҳои ҷомеа алалхусус баъзе ҷавонон аз паи ҳавою ҳавас ва лаззатҳои моддӣ молу сарват ба амалҳои ношоиста ҷиноят даст мезананд, ба доми фиреби фарҳангу динҳои сохтаву бегона кашида мешаванд.

Ҷавонон дар замони муосир чун қувваи бузурги пешбарндаи ҷамъият эътироф гаштаанд рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ягон мамлакатро бе ширкату фаъолияти ҷавонон тасаввур кардан имкон надорад дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои мухимин ҳифзи истиқлолияти давлатӣ пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳ дар кишвар аст ва амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини Тоҷикистон аз ҷумла ҷавонон мебошад.

Талбаков Эраҷ - аъзои ташкилоти ибтидои ҳизбии "Роҳнамо" дар шаҳри Бохтар