ОМӮЗГОР РАВШАНГАРИ ҚАЛБҲО!

Бохтар: Андеша  

Муаллим раҳнамои беҳтарин шуд,

Ба ангушти дилаш дониш нигин шуд.

Чу роҳи растагорӣ менамояд,

Сазовори ҳазорон офарин шуд.

Омӯзгори яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлату миллат ба шумор меравад. Пояи асосии ҳар як давлату миллат аз соҳаи маориф вобастагӣ дорад. Барои пешравии кори ин соҳа омӯзгоронро мебояд софдилонаю содиқона меҳнат намоянд.

Барои таълиму тарбияи насли наврас саҳми босазои худро гузошта онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ хештаншиноси арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд. Баробари ин пеш аз ҳама фарҳангу маданияти муоширати миллати тоҷикро риоя намоем.

Мутаассифона дар ҷомеаи имрӯзаи мо ҳастанд шахсиятҳое, ки одоби муошират надоранд. Ҳангоми сӯҳбат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ корхонаҳо муассисаҳо муомилаи хуб наменамоянд. Ҳурмату эҳтироми синну солашон калон шахсиятҳои таҷрибадорро баинобат намегиранд. Андешаи худро иброз карданиям, ки дар кадом соҳае, ки кору фаъолият менамоянд, махсусан ҷавонони имрӯза фарҳангу маданияти муоширатро фаромӯш нанамоед.

Миллати тоҷик аз азал забони ширину гуфтори неку пиндори нек дошт. Хуб мешуд, ки дар курсҳои бозомӯзии корхонаю муассисаҳо дарсҳои махсуси одоби муошират ба роҳ монда мешуд.

Риштае, ки имрӯзи моро ба оянда мепайвандад.Чашмаи ҷонафзое, ки аз он рӯҳи ҳар яки моро аз ташнагӣ мераҳонад, Дарахте, ки аз сабз буданаш кас неруи оқилона мегирад ва дилҳои гурусна меваҳои онро меҷӯянд, булбуле, ки дар навдаи тоза нишаста, паи сурудҳои нав аст ва аз садои ӯ назокати наве пайдо мегардаду ҷонҳоеро лаболаб мекунад, абри сапеде, ки рӯи осмонро мепушаду қатраҳои боронро ба рӯи гулҳои пажмурдаи киштзори зиндагии сабзнашуда мерезонад маҳз омӯзгор аст.

Абдуназарзода Шоиста - раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳнамо"-и шаҳри Бохтар