МАҚСАДИ ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ НООРОМ СОХТАНИ ВАЗЪИ ҶОМЕА МЕБОШАД,

Бохтар: Вокуниш  

     Тоҷикистонро имрӯз мамолики дунё чун давлати воҳиду ягона, мардумашро соҳибватан, дорои фарҳанги қадиму воло мешиносанд.

Дар тули садсолаҳои зиёди таърихи пурфоҷеаи тоҷикон, аввалин бор таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба Ватан ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон табдил ёфт.

Аммо тавре мушоҳида мегардад баромади мухолифини тоҷикро ба монанди Муҳиддин Кабири, Муҳаммадиқболи Садриддин, Ҳусейн Ашур, Гурӯҳи-24 ва дигар ҳаммаслакони онҳоро тариқи шабакаи интернетӣ дида ба андеша фурӯ меравам. Кист Муҳиддин Кабири, Муҳаммадиқболи Садриддин, Ҳусейн Ашур ва дигар пайравони онҳо. Дар ҳамаи мавзуҳо худро олим ва донишманд нишон дода, барномаҳое омода месозанд, ки чуз такрору ғайбат чизи дигаре нест. Ва танҳо шахсони соддаю бесаводро ҳамчун тарафдоронашон дар барномаҳояшон ҷалб месозанд.

Аммо андешаи дигар моро водор месозад, ки рӯи рост гӯем: “Чаро баъзе фаъолон, вакилони мо, олимон, номзадҳои илм, шоирону нависандагон ва шахсони баландпоя хомушанду вокунише нишон намедиҳанд”.

Чуноне, ки медонем, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон баъзе ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуние зуҳур карданд, ки мақсади асосиашон таҳмил намудани идеологияи беруна ба сари давлату ҷомеаи кишвар буд. Дар оғоз касе суол намедод, ки ин мафкурае, ки аз тарафи гурӯҳҳои алоҳида миёни ҷомеа таблиғу татбиқ гардида истодаанд, чӣ ҳадаф ва ҷомеаро ба куҷо мебаранд?

Посух ба ин суолро миллати тоҷик дар пайи нооромиҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо пардохти гарони ҷониву молӣ дарёфт кард.

Дар ҳамон солҳои навадуми асри гузашта аксарият шахсони баруманд бетарифӣ зоҳир карданд, ки оқибати он ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.

Дар натиҷа маҳз бо айби роҳбарони ТТЭ ҲНИ ба давлати Тоҷикистон ба маблағи бештар аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари молӣ расид.

Зиёда аз 150 000 одамони бегуноҳ қурбон, як миллион нафар гуреза гардида, манзилҳои истиқоматӣ сӯзонда, биноҳои фабрика, корхона, муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва идораҳои давлатӣ хароб карда шуданд.

Дар мавриди андешаву вокуниш, муқовимат, мубориза нисбати хоинони миллат, идораву кумитаҳо ва шахсони алоҳида, ки ба ин ватану миллат ва Пешвои муаазами худ содиқанд дар якҷоягӣ бо мақомотҳои қудратӣ муборизаҳои беамон бурда истодаанд. Ва минбаъд низ барои пойдориву амнияти кишвар тамоми кушишу ғайррати худро равона хоҳанд кард.

Таҷрибаи башари собит месозад, ки ба озодии комилу истиқлолият расидани ҳар як миллату давлат бе ба даст овардани ваҳдати миллӣ, якдигарфаҳмӣ, меҳр ба Ватану сарзамини худ номумкин мебошад. Миллати тоҷик аз қадимулайём таҳти шиканҷаи бегонагон борҳо қарор гирифта буд.

Лекин фарҳанги волои миллат, таҳти сарварии фарзандони содиқи Ватан тавонист, ки худро ҳамчун миллати соҳибватан то имрӯз нигоҳ дорад.

Донистану омўхтани рукнҳои Ваҳдати миллӣ барои насли имрӯзу фардои Ватан бояд муқаддасу ҷовидонӣ бошад.

Хушбахтии ин миллату ин сарзамини биҳиштосо буд, ки бо амри тақдир аз рўзҳои аввали Сарвари давлати тозабунёди Тоҷикистон интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқии худро ба савганди хурдааш дар назди халқу миллаташ собит намуд.

Аммо савол ба он нафароне, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият менамоянду, вале муҳри хомуширо ихтиёр кардаанд. Ба ибораи томаш агар таҳлил карда гуем хомуширо бадтар аз марг номидан мумкин аст.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Р. Саидзода