ФАҲМОНДАДИҲИИ ГУРУҲИ КОРӢ БО УСУЛИ "ХОНА БА ХОНА"

Бохтар:  

     Санаи 17 апрели соли ҷорӣ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид бобати баргузор намудани вохуриҳо бо сокинони кӯчаю маҳаллаҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар гурӯҳҳои кории таъсис дода шуда бо усули "маҳалла ба маҳалла” ва "хона ба хона" дар ҳар як хона (ҳавлӣ) бевосита бо истиқоматкунандагони онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

Дар ҳайати гуруҳи корӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа назди дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар Меҳмондустзода Ҷумахон ва дигар аъзои гурӯҳи кории дар маҳаллаи Истиқлоли шаҳри Бохтар бо сокинони маҳаллаи мазкур корҳои фаҳмондадиҳи баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ масъулин дар атрофи мавзӯҳои: пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ (ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, террористӣ ва ғайриқонунӣ) аз ҳисоби ҷавонону наврасон ва ҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта ва дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд,

риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи

фарзанд" ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”,

истифодаи самаранок ва оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирӣ аз тарғиби либоси бегона.

Ҳамчунин оид ба такроран дасткашидан аз сафарҳои ҳаҷи фарзӣ ва умра, ҳоҷиошӣ ва ҳоҷиталбон, мусоидат дар сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати баҳорӣ, пешгирии ҷавонону наврасон аз фарогирӣ ба таълимоти динии ғайриқонунӣ, пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳои ҷавон, саҳм гирифтан дар корҳои ободонӣ, созандагӣ ва шинондани ниҳолу гулбутаҳо дар маҳаллаҳою кӯчаҳо, дастгирии табақаҳои камбизоат, маъбон ва эҳтиёҷмандони ҳудуди маҳалла сӯҳбатҳо намуданд.