АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛӢ

Бохтар: Андеша  

     Дар мақолаи мазкур мушкилот ва роҳҳои расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷаҳон ва мамлакат мавриди таҳлил қарор додашуда, чунин такид кардашудааст, ки дар шароити имрӯз яке аз масъалаҳое, ки ҷаҳони имрузаро нигарон намуда ва дар оянда ба яке аз мушкилотҳои муҳими байналмилалӣ табдил меёбад, ин норасоии маводҳои ғизои солим баҳисоб меравад.

Муаллифон такид намуданд, ки хушбахтона потенсиалӣ мавҷуда дар соҳаи кишварзии мамлакат ба мо шароит фароҳам овардааст, ки барои расидан ба ин ҳадафи олӣ аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, ҳосилнокии маҳсулотҳоро баланд бардошта, талаботи истеъмолкунандагони дохилӣ таъмин карда шуда, содироти маҳсулотҳои соҳаи кишоварзӣ ба хориҷ зиёд карда шавад.

Яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар як давлат таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ мебошад. Дар ниҳоят, ғизо яке аз муҳимтарин ҷузъҳои таъмини зиндагии мардуми кишвар буда, аз ин рӯ кафили амният ва истиқлолияти давлат ба ҳисоб меравад. Масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар тамоми ҷаҳон аҳамият пайдо мекунанд, зеро бо афзоиши аҳолӣ талабот ба ғизои солим низ меафзояд.

Агар соли 2010 шумораи аҳолии ҷаҳон тақрибан 6,9 миллиард нафарро ташкил дода бошад, пас дар соли 2022 ин рақам ба 8 миллиард расида, танҳо дар байни солҳои 2010 – 2022 шумораи аҳолии сайёра 800 миллион нафар афзуда, ва тибқи маълумотҳои СММ аҳолии ҷаҳон то соли 2030 метавонад ба 8,5 миллиард расад. Аз ин рӯ, масъалаи чӣ гуна бо маводи ғизоӣ зарурӣ таъмин кардани аҳолии ҷаҳон дар иқтисоди ҷаҳонӣ шадидтар мегардад. Тибқи маълумотҳои Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар соли 2022 –ум пешниҳод намудааст, дар соли 2021 828 миллион нафар ё 9,8 фоизи аҳолии ҷаҳон (46 миллион) ба гуруснагӣ (камғизоии системавӣ) дучор шуданд.

Бештар аз соли 2020 ва нисбат ба соли 2019, ки 150 млн – ро ташкил медод. Дар соли 2030, ҳатто бо барқарор шудани иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳудуди 670 миллион нафар (8% аҳолии ҷаҳон) ҳанӯз ҳам бо гуруснагӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд. СММ тахмин мезанад, ки дар натиҷаи боло рафтани нархи ғизои истеъмолӣ шумораи одамоне, ки наметавонанд ғизои солимро харидорӣ кунанд, 112 миллион нафар (қариб ба 3,1 миллиард) афзоиш ёфтааст.

Маслан дар кишварҳои Аврупои бо сабаби халалдор шудани хоҷагиҳои гармхонавӣ дар шароити бӯҳрони энергетикӣ норасоии мавсимии як қатор маҳсулоти ғизоӣ ба вуҷуд омада, нархи молхои истеъмолӣ хеле баланд гардидаанд. Мувофиқи маълумоти Комиссияи Аврупо, дар давраи аз моҳи январ то декабри соли 2022 тағирёбии нархи маҳсулотҳои ниёзи аввал дар шаклҳои зерин ба миён омад, равған 80%, шири хушк беш аз 50% ва гӯшти гов 28% боло рафтааст.

Ҳатто ин тағирёбии нархи маҳсулотҳои ғизои дар кишварҳои пешрафтатарини Аврупо мушоҳида шуд. Масалан давлати Олмон нархи сабади ғизоии худро 8% ва кишварҳои соҳили Балтика 20% боло бурданд. Дар Британияи Кабир тамоюли паст шудани кобилияти харидории аҳолии мамлакат мушоҳида карда шуда, бештар аз 30 фоизи британиҳо ба сарфаи озуқа шурӯъ кардаанд.

Ин ҳолати ногувори ғизои дар тамоми кишварҳои ҷаҳон таъсири манфии худро расонида ҳолати мазкурро метавон дар дигар кишварҳои низ мушоҳида намуд. Норасоӣ аз ғизо ҳоло ба 57,9% мардуми Африқо, 40,6% дар Амрикои Лотинӣ, 24,6% дар Осиё, 8% дар Амрикои Шимолӣ ва Аврупо таъсир мерасонад.

Дар кишварҳои осебпазири Африқо ва дигар минтақаҳо мушоҳида карда шуд, ки нархи нуриҳо 300% боло рафтааст, ки ин албатта таъсри манфӣ худро ба ҳосили маҳсулотҳои соҳаи кишоварзӣ дар солҳои минбаъда мерасонад.

Тавре, ки аз маълумотҳои оварда шуда, мушоҳида карда мешавад, солҳои охир афзоиши табии аҳолии сайёра, дар бисёр давлатҳо аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ таъмин нагардидани аҳолӣ бо озуқаи ҳаётан муҳим, коҳишёбии назарраси захираҳои ҷаҳонии ғалладона, тағйирёбии иқлим, норасоии захираҳои энергетикӣ ва дигар омилҳо дар таъмини аҳолии сайёра бо озуқа таъсири манфии худро бевосита мерасонад.

Дар чунин шароити душвор таъмини устувории бозори озуқа дар асоси истифодаи оқилонаи захираву имкониятҳои мавҷуда дар афзунгардонии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз вазифаҳои стратегӣ табдил ёфтааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи маълумотҳои омори афзоиши солонаи аҳолӣ мушоҳида мешавад. Агар соли 2010 шумораи аҳолии ҷумҳурӣ 7621,2 миллион нафаро ташкил дода бошад, пас ин дар соли 2022 ба 10 миллион нафар расид. Ин тамоюли афзоиши аҳолӣ бори дигар шаҳодати онро медиҳад, ки таъмини аҳолии бо маҳсулоти озуқаворӣ ба яке аз масъалаҳои муҳим дар кишвар табдил ёфтааст.

Тибқи маълумотҳои омори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 90 % истеҳсоли маҳсулотҳои озуқаворӣ ба бахши хусусӣ рост омада, он барои ташаккулёбии заминаи воқеии таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаи истеҳсоли ватанӣ имкониятҳои мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, таназзулёбии базаи моддӣ – техникӣ ва ба таври зарурӣ ташаккул наёфтани сохтори институтсионалӣ, нокофиягии мавқеи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар низоми маркетинги кишоварзӣ, инчунин дар сатҳи зарурӣ ҳалли худро наёфтани масъалаи арзёбии устувории бозори озуқавории ҷумҳурӣ мушкилотро дар таъмини амнияти озуқаворӣ ба миён овардааст.

Дар истеҳсолоти маҳсулотҳои кишоварзӣ истифодаи навъҳои серҳосили зироатҳо ва зотҳои сермаҳсули ҳайвоноти кишоварзӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нави инноватсионӣ ва истифодаи иқтидорҳои дохилии минтақаю зерминтақаҳо барои пешбурди устувори соҳаҳои маҷмааи озуқаворӣ мувофиқат намекунанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то ҳол фоизи истифодаи тухмии элита, репродуксияҳои 1 ва 2, саршумори чорвои зотӣ дар саршумори умумӣ солҳои охир танҳо 25 – 35% – и талаботро ташкил менамоянд. Воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) ба вуҷуд овардани заминаи истеҳсолоти рақобатпазирро талаб менамояд.

Дар ин раванд масъалаҳои таъмини соҳаҳои маҷмааи озуқаворӣ дар заминаи назарияҳои асоснокшуда, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватании аз лиҳози экологӣ тоза, муайян намудани таносуби унсурҳои моддии ҳаётан муҳим, ҳамоҳангсозии муносибати боэътимод миёни молистеҳсолкунандагони ватанӣ, миёнаравҳо ва харидорон ҳалли худро бояд пайдо намоянд.

Таъмини устувории бозори озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати такмили сиёсати давлатии аграриро дар самтҳои баланд бардоштани даромаднокӣ ва рақобатнокии истеҳсоли озуқаворӣ, ташаккулёбии сохтори институтсионалӣ, ташаккули занҷираи ягонаи логистикӣ ва кластерҳои агросаноатӣ, дастгирии давлатии молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим инъикоси пурра, шаффофият ва таваҷҷуҳи махсус ба миён овардааст.

Омӯзиши таҷрибаи мамлакатҳои хориҷӣ нишон медиҳанд, ки устувории бозори маҳсулоти озуқаворӣ дар асоси рушди зерсистемаҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла зерсистемаҳои танзими меъёрӣ ва ҳуқуқии фаъолияти иштирокчиёни бозор, инфрасохтори илмӣ – инноватсионӣ, иқтидори кадрӣ, зерсохторҳои хизматрасонии қарзию молиявӣ, миёнаравӣ, хариду фурӯши яклухту чакана, логистикӣ, иттилоотӣ – машваратӣ таъмин карда мешаванд.

Аҳамияти ин масъаларо аз ҳад зиёд баҳо додан душвор аст, зеро бо озуқа таъмин намудани аҳолӣ аз ҷиҳати ҷисмонӣ таъмин намудани рузгори он мебошад.Аз рӯи дараҷаи таъмни амнияти озуқаворӣ ҳамаи мамлакатҳоро шартан ба чор гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст:

— мустақил — 100 фоиз бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли худ таъмин намудани аҳолӣ;

— нисбатан мустақил - қисми асосии маҳсулоти хӯрокворӣ мустақилона истеҳсол карда мешавад ва ба миќдори кам ворид мешавад;

— вобаста - миқдори зиёди озуқаворӣ ворид карда мешавад.

— комилан вобаста — мустакилона ба микдори кифоя мақсулоти озуқаворӣ истеҳсол карда наметавонанд.

Бо ин тақсимот, Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ба як гурӯҳи кишварҳои нисбатан мустақил тасниф кард. Баръакси бисёр кишварҳо, Тоҷикистон дорои захира ва имкониятҳои бузургӣ зарурии маҳсулоти кишоварзӣ, ғизо ва ашёи хом дар минтақа баҳисоб меравад.

Баҳри таъмини аҳолӣ бо озуқаи хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин бобат аз ҷониби Ҳукумати кишвар як қатор қонуну қарорҳо, стратегияву барномаҳои дахлдор қабул гардида, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат иқдоми саривақтӣ ҳисоб мешавад. Бо ин мақсад «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ва «Барномаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2024» қабул гардидаанд. Ин иқдом барои амалӣ ва муайян кардани самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ, ки вобаста ба таъмини амнияти иқтисодӣ, ки ҷузъи ҷудонашавандаи амнияти миллӣ ба ҳисоб рафта, бо меъёрҳои байналмилалӣ ва дохилӣ равона гардидааст.

Қайд кардан зарур аст, ки дар партави сиёсатҳои созандаи Пешвои миллат истеҳсоли маҳсулотҳои гуногуни хоҷагии халқӣ мамлакат аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ дар кишвар афзоиш ёфта ҷиҳати ноил шудан ба яке аз самтҳои муҳими стратегии мамлакат мусоидати калон намуд. Ҳамин аст, ки дар соли 2022 истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна расонида шуда, истеҳсоли картошка ба 1 миллион тонна баробар гардида, ҳаҷми умумии меваю сабзавот ба 3 миллиону 200 ҳазор тонна ва истеҳсоли гӯшти паранда дар соли 2022 бошад 8 баробар зиёд шуда, ҳаҷми воридоти он 11 баробар кам гардид, ки сабаби ин коҳишёбӣ дар бунёду таъсиси фабрикаҳои парандапарварӣ ва истеҳсоли гӯшти паранда дар худи ҷумҳурӣ мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000 – ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.

Дар айни замон, некӯаҳволии шаҳрвандони мамлакат, суботи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар бештар аз сатҳи рақобатпазирии бахши кишоварзии ватании иқтисодиёт вобаста аст. Рушди самараноки комплекси агросаноатӣ дорои аҳамияти стратегӣ мебошад, ки ҳалли он дурнамои таъмини амнияти озуқавории мамлакатро муайян мекунад. Барои баланд бардоштани дастрасии иқтисодии озуқаворӣ бояд ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолб, инчунин афзоиши рақобат дар истеҳсол ва фурўши маҳсулоти хўрокворӣ таваҷҷўҳи махсус дода шавад.

Хулоса: Ҳамин тавр, метавон қайд кард, ки баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ, таъмини дастрасии аҳолии кишвар ба маводи озуқаворӣ, дастгирӣ ва ҳифзи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ аз рақибони беруна бештар аз таҳия ва татбиқи сиёсати дахлдори кишоварзӣ вобаста аст. Бинобар ин, ба назари мо, яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти озукаворӣ баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ дар кишвар мебошад.

Б. Наимов, узви ҲХДТ - мудири кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав