ВАЗЪИ ЭКОЛОГИИ “БЕШАИ ПАЛАНГОН” ВОБАСТА БА ТАЙҒИРЁБИИ ИҚЛИМ

Бохтар: Андеша  

     Иқлим бо дигар унсурҳои табиат ва пеш аз ҳама ба фаъолияти Офтоб дар алоқамандии зич мебошад. Зери таъсири Офтоб ва дигар омилҳои экологӣ дар равандҳои иқлимӣ тағйирёбиҳо ба назар мерасад. Чӣ хеле, ки Пешвои муаззами миллат дар паёми худ 28.12.2023 “Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир инчунин тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он –хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид”.

Яке аз сабаби тағйирёбии иқлим ин фаъолияти инсон дар сайёра буда, ба ифлосшавии муҳити атроф, зиёд шудани партовҳои газӣ ба атмосфера мисол шуда метавонад. Оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон ба таври гуворо мушоҳида шуда истодааст. Тез-тез ба амал омадани офатҳои табиӣ, босуръат обшавии пиряхҳо, обхезиҳо, хушксолиҳо ва падидаҳои фалокатовари гидрометеорологӣ таъсири манфии худро ба амнияти озуқаворӣ, захираҳои обӣ ва энергетикӣ, солимии аҳолӣ расонида истодааст.

Дар даҳсолаҳои охир вобаста ба босуръат афзудани таъсири фаъолияти инсон ба муҳити зист ва экосистемаҳои табиӣ проблемаи аз маҳвшавӣ нигоҳ доштани намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди нестшавӣ қарордоштаи наботот ва ҳайвонот аҳамияти хоса пайдо кардааст.

Гуногунии биологии Тоҷикистон бой ва рангин аст. Дар асоси маълумотњои навтарин дар таркиби фауна ва флораи Тоҷикистон зиёда аз 13000 намуди ҳайвонот ва беш аз 4500 намуди растаниҳои гулдор муайян карда шудааст. Дар экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон 80% гуногунии биологии кишвар сокин гардидааст.

Солҳои охир тағйирёбии иқлим ва таъсири омилҳои гуногуни экологӣ, аз ҷумла омилҳои антропогенӣ ба табиат боиси нобудшавии миқдори зиёди наботот ва ҳайвоноти фоидаовар гардидаанд. Дар натиҷаи муносибатҳои мураккаби иқтисодию тиҷоратӣ ва истифодаи нодурусти экосистемаҳои табиӣ, ба таназулёбӣ ва биёбоншавии онҳо оварда расонида истодааст.

Мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” барои дар ҳолати табиӣ нигоҳдории олами набототу ҳайвоноте, ки муқимии минтақаи хушки субтропикии биёбони туғайзор мебошанд ба ҳисоб меравад. Солҳои охир ғайр аз таъсири инсон, гармшавии иқлим, норасогии об ва паст гаштани сатҳи об дар кӯлҳо, хушкшавии кулҳо ба амал омада боиси тайғирёбии экосистемаи табии гардида ҳудуди заминҳои хушку биёбонҳо афзуда истодааст.

Ҳудуди мамнӯъгоҳ минтақаи биёбону туғайзори мебошад, ки бо мақсади ҳифзу нигоҳдорӣ ва барқароркунии туғайзорҳои нодири туранга, газ, санҷид, эриантус ва дигар намудҳои гуногуни хоси ланшафтҳои экосистемаи табиӣ ва намудҳои ҳайвонотҳои гуногуни нодир зери хатари нестшавӣ қарор дошта ба монанди гавазни бухороӣ, гурбаи қамишзор, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, ҷейрон (ғизол), саги обӣ, ширмоҳӣ, зағорамоҳӣ ва корҳои ҳифзу барқароркуниро гузаронида истодааст.

Д. Давлятова, узви ҲХДТ - омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав