ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "МАРКАЗИ ТРОПИКӢ"

Бохтар:  

     Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази тропикӣ” маҷлиси ҷамъбастӣ оиди фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор карда шуд, ки дар он мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатова Роҳила иштирок намуд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази тропикӣ” Қунғуротов Даврон кушода, рузномаи маҷлис ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар - ро ба иштирокчиён шинос намуда, оиди натиҷаи фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳисобот дод. Ҳамин тариқ, дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамчунин, Давлатова Роҳила аз натиҷаи корҳои ба анҷом расонидаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази тропикӣ” дар давраи ҳисоботӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аз аъзоёни ҳизб давъват ба амал овард, ки дар самти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ, қабул ба сафи ҳизб аз ҳисоби ҷавонон, фаъол будан дар андешаву вокунишнависӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ҳаракати аъзои ҳизб фаъол бошанд.