КИШОВАРЗИ СОЛ

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар ин росто, ҳавасманд гардонидани ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  озмунҳои ҳизбӣ аз рӯйи номинатсияҳои  “Хоҷагии беҳтарин”, “Оилаи кишоварзи сол” ва “Хазинадори беҳтарин” роҳандозӣ гардидаанд. Барои дарёфти ғолибони даври ноҳиявӣ масъулини ҳизбӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар деҳаву маҳаллаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриҳо баргузор намуда, Бердиев Шокирҷон  аз номинатсияи “Кишоварзи сол” аз Ҷамоати деҳоти Калинини ноҳия барои иштирок  пешниҳод карда шуд. Зимнан, масъулини ҳизбӣ аз маҳсулоти кишоварзии замини наздиҳавлигии ин сокин боздид ба амал оварданд.